НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон факултети филология ва рӯзноманигорӣ бо ду ихтисоси равияи журналистӣ таъсис ёфт
ДУШАНБЕ, 08.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода яке аз дастовардҳои назаррас таъсиси 21 ихтисоси нави ба талаботи бозори меҳнати дохилӣ ва берунӣ ҷавобгӯ дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура (PhD) ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, дар Донишгоҳ факултети филология ва рӯзноманигорӣ бо ташкили ду ихтисоси равияи журналистӣ- яке рӯзноманигории байналмилалӣ ва дуюм рӯзноманигорӣ (шореҳи масоили сиёсӣ) таъсис ёфт. Дар ин хусус Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
«Ҳадаф аз ташкили ин ихтисосҳо омода намудани журналистони ҳирфаии донандаи забонҳои хориҷӣ маҳсуб мешавад»,-илова намуд Ректори донишгоҳ.
Иброз гардид, ки дар факултетҳои Донишгоҳ мутобиқи нақшаи нави таълимӣ 24 кафедра аз рӯйи 40 ихтисос дар зинаи бакалавриат бо фарогирии 5231 донишҷӯ фаъолият менамоянд. Аз шумораи умумии донишҷӯён дар шуъбаи рӯзона 3303 нафар ва дар шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ 1928 нафар, дар зинаи магистратура 86 нафар, дар зинаи докторантура (PhD) 30 нафар таҳсил менамоянд.
Дар ин давра донишгоҳ дар таҳияи Стандарти давлатӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мақоми байналмилалӣ саҳм мегузорад. Соли 2023 сатҳи донишазхудкунӣ 98,4%-ро дар ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта +1,1 фоиз баланд мебошад.
Дар соли таҳсили имсола аз рӯйи ихтисосҳои амалкунанда ба донишгоҳ аз 1186 ҷой 1096 довталаб тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардиданд, ки ба 93 фоизи нақша баробар аст.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС : АМИТ «Ховар»








Донишҷӯёни Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон дар Донишгоҳи Ланҷоуи Чин табодули таҷриба менамоянд
Дар вилояти Суғд шумораи мактабҳо ва хонандагон бештар гардидааст
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон соҳиби сертификати UNESCO-UNEVOC гардид
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» ифтитоҳ гардид
Намояндаи Тоҷикистон ғолиби овоздиҳии байналмилалии Ҷоизаи «Евразия-2026» гардид
Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Чин Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Аз 11550 хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ 8488 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ба таътили тирамоҳӣ мебароянд
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба пажуҳиши илмӣ ва усулҳои ба роҳ мондани он ҳамоиш доир шуд
Академияи идоракунии давлатии Тоҷикистон бо Ҷамъияти ҳуқуқшиносони Шанхай ҳамкориро тақвият медиҳад
Сабзалӣ Ҷаъфарзода: «Таъсиси Маркази миллии тестӣ аз ҷумлаи ислоҳоти муҳимми соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»






