НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ташхисгоҳи лабораторӣ — бактериологӣ ташкил гардид

Февраль 3, 2024 15:10

КӮЛОБ, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз»  ташхисгоҳи лабораторӣ  — бактериологӣ дар заминаи кафедраи «Химия ва биология» ташкил гардидааст.

Дар ин хусус директори ин муассиса Зубайдулло Азиззода зимни нишасти матбуотӣ,  ки  1 феврали соли равон баргузор гардид,  иттилоъ дод.

Ташхисгоҳи мазкур бо таҷҳизоти лабораторӣ, аз ҷумла термостат, тафдони Пастерӣ, сентрафуга, яхдон ва дигар лавозимоти соҳа  таъмин буда, дар он донишҷӯёни ихтисосҳои «Кори тиббию ташхисӣ» ва «Кори тиббию профилактикӣ»  машғулиятҳои  амалӣ мегузаронанд.

Айни замон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб сохтмони хобгоҳ иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар донишҷӯён идома дорад. Зубайдулло Азиззода дар идомаи нишасти матбуотӣ гуфт, ки алҳол дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб аз рӯйи ихтисосҳои «Кори момодоягӣ» бо тахассуси «Момодоя», «Кори табобатӣ» бо тахасуси «Ҳамшираи  бародарӣ, тибби оилавӣ», «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббию профилактикӣ», «Кори фарматсевтӣ» — тахасуси «Ёвари фармасевт», «Кори дандонсозӣ» — тахасуси «Техники дандон», «Кори тиббию ташхисӣ» — тахасуси «Лаборант» ва «Кори табобати дандон» — тахасуси «Ёварии табиби стоматолог» донишҷӯён таълим мегиранд.

Гуфта шуд, ки коллеҷ аз панҷ бинои таълимӣ, як хобгоҳ, 3 ташхисгоҳи таълимӣ – лабораторӣ, як маркази таълимӣ — истеҳсолии фарматсия ва як маркази таълимӣ – табобатии стомотология бо устохонаи дандонсозӣ иборат мебошад.

Бо мақсади беҳтару хубтар намудани таълиму тарбия ва илмомӯзии донишҷӯён инчунин донистани забонҳои хориҷӣ соли 2023 дар назди ҳар як факултети коллеҷ гурӯҳи фанни забони русӣ ташкил гардид, ки дар он донишҷӯён метавонанд, ки забони русиро аз худ намоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2024 15:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Рӯзи дуюми Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Ынтымак» (Рӯзи ягонагӣ) доир шуд
Оид ба мавқеи геосиёсӣ, геоиқтисодӣ ва геофарҳангии Шарқи Миёна ва Наздик конференсияи илмӣ доир шуд
Озмоишгоҳҳои таҳлили канданиҳои фоиданок ва омода кардани намунаи ашёи минералӣ ба истифода дода шуданд
Густариши ҳамкорӣ бо намояндагони Бонки исломии рушд дар соҳаи таҳсилоти касбӣ баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир шуд
Байни Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Бунёди «Peace Nexus» Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Пиёдагардӣ умри инсонро дароз ва баданро ҷавон мекунад
Дар вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона доир мешавад
Дар Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ба шаҳрвандон ройгон касб омӯзонида мешавад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои роҳбарони мақомоти муҳоҷиратии давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд