НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ташхисгоҳи лабораторӣ — бактериологӣ ташкил гардид
КӮЛОБ, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» ташхисгоҳи лабораторӣ — бактериологӣ дар заминаи кафедраи «Химия ва биология» ташкил гардидааст.
Дар ин хусус директори ин муассиса Зубайдулло Азиззода зимни нишасти матбуотӣ, ки 1 феврали соли равон баргузор гардид, иттилоъ дод.
Ташхисгоҳи мазкур бо таҷҳизоти лабораторӣ, аз ҷумла термостат, тафдони Пастерӣ, сентрафуга, яхдон ва дигар лавозимоти соҳа таъмин буда, дар он донишҷӯёни ихтисосҳои «Кори тиббию ташхисӣ» ва «Кори тиббию профилактикӣ» машғулиятҳои амалӣ мегузаронанд.
Айни замон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб сохтмони хобгоҳ иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар донишҷӯён идома дорад. Зубайдулло Азиззода дар идомаи нишасти матбуотӣ гуфт, ки алҳол дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб аз рӯйи ихтисосҳои «Кори момодоягӣ» бо тахассуси «Момодоя», «Кори табобатӣ» бо тахасуси «Ҳамшираи бародарӣ, тибби оилавӣ», «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббию профилактикӣ», «Кори фарматсевтӣ» — тахасуси «Ёвари фармасевт», «Кори дандонсозӣ» — тахасуси «Техники дандон», «Кори тиббию ташхисӣ» — тахасуси «Лаборант» ва «Кори табобати дандон» — тахасуси «Ёварии табиби стоматолог» донишҷӯён таълим мегиранд.
Гуфта шуд, ки коллеҷ аз панҷ бинои таълимӣ, як хобгоҳ, 3 ташхисгоҳи таълимӣ – лабораторӣ, як маркази таълимӣ — истеҳсолии фарматсия ва як маркази таълимӣ – табобатии стомотология бо устохонаи дандонсозӣ иборат мебошад.
Бо мақсади беҳтару хубтар намудани таълиму тарбия ва илмомӯзии донишҷӯён инчунин донистани забонҳои хориҷӣ соли 2023 дар назди ҳар як факултети коллеҷ гурӯҳи фанни забони русӣ ташкил гардид, ки дар он донишҷӯён метавонанд, ки забони русиро аз худ намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад






