НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад

Февраль 7, 2024 14:33

ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон дар ҷумҳурӣ қарздорӣ аз пардохти нафақа вуҷуд надорад. Дар ин хусус муовини Директори Агентии суғуртаи ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъламхон Наимӣ имрӯз дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Аъламхон Наимӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Агентии суғуртаи ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки соли 2023 қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ҷумҳурӣ беш аз 3,6 миллиард сомониро ташкил дод. Ин омор бозгӯи пурра иҷро гардидани қисми хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ дар мамлакат аст.

Таъкид шуд, ки хароҷоти пардохти кумакпулиҳои суғуртаи иҷтимоӣ дар корхонаю муассисаҳо ба ҳисоби пешакӣ 289,9 миллион сомониро ташкил менамояд. Аз ҷумла, кумакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ ба 49 ҳазору 311 нафар дар ҳаҷми 51,6 миллион сомонӣ, кумакпулӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба 27 ҳазору 901 нафар дар ҳаҷми 192,9 миллион сомонӣ, кумакпулии яквақта барои таваллуди кӯдак ба 12 ҳазору 362 нафар дар ҳаҷми 1,8 миллион сомонӣ, кумакпулӣ барои нигоҳубини кӯдак то расидан ба синни 1,5-солагӣ ба 122 ҳзаору 955 нафар дар ҳаҷми 16,8 миллион сомонӣ пардохт гардид.

Инчунин хароҷоти корхонаҳо ва ташкилот, ки ба ташкили табобати курортию саноатӣ ва солимгардонии кормандон аз ҳисоби маблағҳои андози иҷтимоӣ равона гардидаанд, 26,7 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 7, 2024 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад