НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2023 шумораи бекоршавии ақди никоҳ кам шудааст
ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 сабти давлатии ақди никоҳ 76 ҳазору 444 ҳолатро ташкил дода, бекоршавии ақди никоҳ ба 10 ҳазору 298 ҳолат баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 3 ҳазору 578 ҳолат кам аст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Ҳамзамон Раиси Кумита иброз дошт, ки теъдоди кӯдакони ноболиғ баъди бекор намудани ақди никоҳ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2022 (15 ҳазору 412 нафар) 5 ҳазору 327 нафар кам мебошад.
Дар нишаст иброз гардид, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мунтазам чорабиниҳои иттилоотӣ, машғулияту тренинг ва суҳбату вохӯриҳо, корҳои ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида мешаванд. Мақсад аз он паст намудани раванди омилҳои номатлуб- аз пошхӯрии оилаҳо то пешгирӣ намудани хушунати хонаводагӣ, содир намудани ҷиноят аз ҷониби занон ва аъзои оилаашон мебошад.
София ШОИК,
АМИТ«Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






