НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон соли 2023 шумораи бекоршавии ақди никоҳ кам шудааст

Февраль 12, 2024 14:37

ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023  сабти давлатии ақди никоҳ 76 ҳазору 444  ҳолатро ташкил дода, бекоршавии ақди никоҳ ба 10 ҳазору 298 ҳолат баробар гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  3 ҳазору 578 ҳолат кам аст. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бунафша Файзиддинзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Ҳамзамон Раиси Кумита иброз дошт, ки теъдоди кӯдакони ноболиғ баъди бекор намудани ақди никоҳ нисбат ба нишондиҳандаи соли 2022 (15 ҳазору  412 нафар) 5 ҳазору 327 нафар кам мебошад.

Дар нишаст иброз гардид, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва зерсохторҳои он дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мунтазам чорабиниҳои иттилоотӣ, машғулияту тренинг ва суҳбату вохӯриҳо, корҳои ташвиқотию тарғиботӣ гузаронида мешаванд. Мақсад аз он паст намудани раванди омилҳои номатлуб- аз пошхӯрии оилаҳо то пешгирӣ намудани хушунати хонаводагӣ, содир намудани ҷиноят аз ҷониби занон ва аъзои оилаашон мебошад.

София ШОИК,
АМИТ«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2024 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
‎Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд