НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 аз ҷониби «Тоҷикматлубот» як қатор бозорҳои мамлакат таъмиру навсозӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ҳамаи анборҳо, сардхонаҳо ва лавозимоти заруриро омода намуда, дар онҳо ба миқдори 2305 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира намуд. Фурӯши маҳсулоти захирашуда аз якуми декабри соли 2023 оғоз гардидааст. Дар ин хусус имрӯз муовини Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Раҳмонализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Соли 2023 барои хариди воситаҳои асосӣ, корҳои ободонию созандагӣ, навсозӣ ва таъмири бинову иншооти соҳа 15,1 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Аз ҷумла, барои навсозӣ ва таъмири иншооти дохили бозорҳои ҷамъиятҳои матлуботи шаҳрҳои Турсунзода (817 ҳазор сомонӣ), Ваҳдат (599 ҳазор сомонӣ), Ҳисор (118 ҳазор сомонӣ), ҷамъияти матлуботи ноҳияи Варзоб 147 ҳазор сомонӣ, инчунин таъмиру тармими биноҳои таълимӣ ва хариди воситаҳои асосӣ барои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон 1,9 миллион сомонӣ, Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд 167 ҳазор сомонӣ ва Литсейи назди Донишгоҳ 127 ҳазор сомонӣ хароҷот гардид»,- илова кард Хуршед Раҳмонализода.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки барои корҳои сохтмонӣ дар Раёсати Иттифоқи ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон 10 ҳазор сомонӣ, иваз намудани боми идораи маъмурии бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб 143 ҳазор сомонӣ, сохтмону навсозӣ дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Темурмалик 124 ҳазор сомонӣ, таъмири намои беруна ва сангфарш намудани саҳни бозори ноҳияи Балҷувон 43 ҳазор сомонӣ, навсозии бозори марказии ҷамъияти матлуботи ноҳияи Муъминобод 167 ҳазор сомонӣ, корҳои таъмирӣ дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҷайҳун 73 ҳазор сомонӣ, иҳотадевори бозори «Уялӣ»-и ноҳияи Хуросон 29 ҳазор сомонӣ, навсозии бозори «Кубод»-и ноҳияи Қубодиён 4,6 миллион сомонӣ, таъмир ва хариди воситаҳои асосӣ барои Раёсати Иттифои ҷамъияти матлуботи вилояти Суғд 38 ҳазор сомонӣ, бозори марказии шаҳри Истаравшан 57 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти матлуботи шаҳри Исфара 32 ҳазор сомонӣ, корҳои таъмирӣ дар ҷамъияти матлуботи шаҳри Панҷакент 51,5 ҳазор сомонӣ, бозори марказии ноҳияи Спитамен 195 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки оид ба иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар соҳа ҳама гуна пардохтҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ амалӣ мешаванд. Даромади умумии «Тоҷикматлубот» ба 97,1 миллион сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2022 дар ҳаҷми 0,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






