НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 аз ҷониби «Тоҷикматлубот» як қатор бозорҳои мамлакат таъмиру навсозӣ гардиданд

Февраль 6, 2024 15:32

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024 ҳамаи анборҳо, сардхонаҳо ва лавозимоти заруриро омода намуда, дар онҳо ба миқдори 2305 тонна маҳсулоти кишоварзӣ захира намуд. Фурӯши маҳсулоти захирашуда  аз якуми декабри соли 2023 оғоз гардидааст. Дар ин хусус имрӯз муовини Раиси Раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот»  Хуршед Раҳмонализода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Соли 2023 барои хариди воситаҳои асосӣ, корҳои ободонию созандагӣ, навсозӣ ва таъмири  бинову иншооти соҳа 15,1 миллион  сомонӣ ҷудо гардид.  Аз ҷумла,  барои  навсозӣ ва таъмири иншооти дохили бозорҳои ҷамъиятҳои матлуботи шаҳрҳои Турсунзода (817 ҳазор сомонӣ), Ваҳдат (599 ҳазор сомонӣ), Ҳисор (118 ҳазор сомонӣ), ҷамъияти матлуботи ноҳияи Варзоб 147 ҳазор сомонӣ, инчунин таъмиру тармими биноҳои таълимӣ ва хариди воситаҳои асосӣ барои Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон 1,9 миллион  сомонӣ, Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд 167 ҳазор сомонӣ ва Литсейи назди Донишгоҳ 127 ҳазор сомонӣ хароҷот гардид»,- илова кард Хуршед Раҳмонализода.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки барои  корҳои сохтмонӣ дар Раёсати Иттифоқи ҷамъияти матлуботи вилояти Хатлон 10 ҳазор сомонӣ, иваз намудани боми идораи маъмурии бозори «Саховат»-и шаҳри Кӯлоб 143 ҳазор сомонӣ, сохтмону навсозӣ дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Темурмалик 124  ҳазор сомонӣ, таъмири намои беруна ва сангфарш намудани саҳни бозори ноҳияи Балҷувон 43 ҳазор сомонӣ, навсозии бозори марказии ҷамъияти матлуботи ноҳияи Муъминобод 167 ҳазор сомонӣ, корҳои таъмирӣ дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҷайҳун 73 ҳазор сомонӣ, иҳотадевори бозори «Уялӣ»-и ноҳияи Хуросон 29 ҳазор сомонӣ,  навсозии бозори «Кубод»-и ноҳияи Қубодиён 4,6 миллион  сомонӣ,  таъмир ва хариди воситаҳои асосӣ барои Раёсати Иттифои ҷамъияти матлуботи вилояти Суғд 38 ҳазор сомонӣ, бозори марказии шаҳри Истаравшан 57 ҳазор сомонӣ, ҷамъияти матлуботи шаҳри Исфара 32 ҳазор сомонӣ, корҳои таъмирӣ дар ҷамъияти матлуботи шаҳри Панҷакент 51,5 ҳазор сомонӣ, бозори марказии ноҳияи Спитамен 195 ҳазор сомонӣ масраф  гардидааст.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки оид ба иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» дар соҳа ҳама гуна пардохтҳои давлатӣ ба таври ғайринақдӣ амалӣ мешаванд. Даромади умумии «Тоҷикматлубот»  ба 97,1 миллион  сомонӣ расонида шуд, ки ин нисбат ба соли 2022 дар ҳаҷми 0,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2024 15:32

Хабарҳои дигари ин бахш

ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд
«РАДИО МАКТАБИ БУЗУРГ АСТ…». Имрӯз Рӯзи ҷаҳонии ихтирои радио ва кормандони соҳаи алоқа мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Восеъ 19 ҳазору 540 нафақагир сабти ном шудаанд