НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 табибони тоҷик ба самти ташхис 6 ва ба самти табобат 68 навоварӣ ворид намуданд
ДУШАНБЕ, 12.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 табибони тоҷик ба самти ташхис 6 ва ба самти табобат 68 навоварӣ ворид намуданд. Аз ҷумла, гузоштани адасаи дохилии чашм, вискоэластикаи когензивӣ ҳангоми ҷарроҳии чашмпардаи оризавӣ, истеҳсоли чашми сунъии сулбиявии девораш тунук амалӣ гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Аз ҷумлаи навовариҳои соҳаи тандрустӣ- ин гемитиреоидэктомия, буриши метаболикии дастакмонанди меъда, бо бемории чурраҳои сурохии сурхнои ҳаҷоб гузоштани тӯри композитӣ, гастропексияи эндоскопӣ, дар самти пайвандсозӣ (гирифтани вариди гунодалии донорҳои гурда барои истифода ҳамчун графт, нефроэктомияи лапроскопӣ, барои гирифтани ҳуҷайраҳои бунёдӣ (аз хуни периферӣ), плазмофорези каскадӣ, тромбоситофорез, усули нави ташхис ва табобати малформатсияи шараёнӣ-варидии лаб, лифтинги эндоскопии пешонӣ, барқарор намудани найчаи тухмгузар ҳангоми ҳомиладории найчавӣ, ҷорӣ намудани ташхиси сили ниҳони (Quantiferon-TEST) мебошад», -гуфт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки навоварии дигари табибони тоҷик- гузоштани стент ба ковокии трахея ҳангоми тангшавӣ (стеноз), тоза намудани гранулятсияҳои дохили трахея бо усули эндоскопӣ бо барқарорсозии ковокии трахея, гузаронидани ҷарроҳии трахеопластика, гузоштани клапани эндобронхиалӣ (бронхоблокатор) мебошад.
Ҳамзамон дар соҳаи тандурустӣ имплантатсияи кохлеарӣ, плазмоферези мембранӣ, бартараф намудани часпиши модарзоди ҳароммағз – тетринг синдром, тривентрикулостомияи эндоскопӣ ҳангоми гидросефалияи модарзодии окклюзиони дар кӯдакон, пӯшондани нуқсони устухони косахонаи сар бо усули 3Д пресс-форма, фенестратсияи девораҳои кистаҳои арахноидалии майнаи сар бо усули эндоскопӣ, ламинэктомияи мӯҳраҳои гардан бо реклинатсия кеҷгузорӣ ва мустаҳкамкунӣ аз пеш бо плейт, гирифтани омоси метастатикии мӯҳраи С6, гузоштани меши титанӣ ва мустаҳкамкунӣ бо плейт, вентрикуло-перитонеостомияи дутарафа бо истифодаи коннектори Y монанд, бо усули эндоскопӣ гирифтани кистаи келлоидии меъдачаи III амалӣ гардид.
Гуфта шуд, ки фаъолияти фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш идома ёфта, соли 2023 дар 224 бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд






