НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2023 табибони тоҷик ба самти ташхис 6 ва ба самти табобат 68 навоварӣ ворид намуданд

Февраль 12, 2024 13:46

ДУШАНБЕ, 12.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 табибони тоҷик ба самти ташхис 6  ва ба самти табобат 68 навоварӣ ворид намуданд. Аз ҷумла, гузоштани адасаи дохилии чашм, вискоэластикаи когензивӣ ҳангоми ҷарроҳии чашмпардаи оризавӣ, истеҳсоли чашми сунъии сулбиявии девораш тунук амалӣ гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Аз ҷумлаи навовариҳои соҳаи тандрустӣ- ин гемитиреоидэктомия, буриши метаболикии дастакмонанди меъда, бо бемории чурраҳои сурохии сурхнои ҳаҷоб гузоштани тӯри композитӣ, гастропексияи эндоскопӣ, дар самти пайвандсозӣ (гирифтани вариди гунодалии донорҳои гурда барои истифода ҳамчун графт, нефроэктомияи лапроскопӣ, барои гирифтани ҳуҷайраҳои бунёдӣ (аз хуни периферӣ), плазмофорези каскадӣ, тромбоситофорез, усули нави ташхис ва табобати малформатсияи шараёнӣ-варидии лаб, лифтинги эндоскопии пешонӣ, барқарор намудани найчаи тухмгузар ҳангоми ҳомиладории найчавӣ, ҷорӣ намудани ташхиси сили ниҳони (Quantiferon-TEST) мебошад», -гуфт Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки навоварии дигари табибони тоҷик- гузоштани стент ба  ковокии  трахея  ҳангоми тангшавӣ (стеноз), тоза намудани гранулятсияҳои дохили трахея бо усули эндоскопӣ бо барқарорсозии ковокии трахея, гузаронидани ҷарроҳии трахеопластика, гузоштани клапани эндобронхиалӣ (бронхоблокатор) мебошад.

Ҳамзамон дар соҳаи тандурустӣ имплантатсияи кохлеарӣ, плазмоферези мембранӣ, бартараф намудани часпиши модарзоди  ҳароммағз – тетринг синдром, тривентрикулостомияи эндоскопӣ ҳангоми гидросефалияи модарзодии окклюзиони дар кӯдакон, пӯшондани нуқсони устухони косахонаи сар бо усули 3Д пресс-форма, фенестратсияи девораҳои кистаҳои арахноидалии майнаи сар бо усули эндоскопӣ, ламинэктомияи мӯҳраҳои гардан бо реклинатсия кеҷгузорӣ ва мустаҳкамкунӣ аз пеш бо плейт, гирифтани омоси метастатикии мӯҳраи С6, гузоштани меши титанӣ ва мустаҳкамкунӣ бо плейт, вентрикуло-перитонеостомияи дутарафа бо истифодаи коннектори Y монанд, бо усули эндоскопӣ гирифтани кистаи келлоидии меъдачаи III амалӣ гардид.

Гуфта шуд, ки фаъолияти фароҳам овардани дастрасии бештари аҳолӣ ба ҷарроҳиҳои мураккаб ва гаронарзиш идома ёфта, соли 2023 дар 224 бемор амалиёти ҷарроҳии пайвандсозии узвҳо гузаронида шуд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2024 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд
Масъалаи дастрасии аҳолии минтақаҳои дурдаст ба кумаки аввалияи тиббию санитарӣ баррасӣ шуд