НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли гузашта 23 корхонаи саноатии шаҳри Хуҷанд ба хориҷи Тоҷикистон ба маблағи 442,4 млн сомонӣ маҳсулот содирот намудааст

Февраль 3, 2024 11:17

СУҒД, 03.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар шаҳри Хуҷанд барои рушди иқтидори соҳа 62 корхонаи хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 352 ҷойи кор бо ҷалби 32 млн сомонӣ сармояи мустақим ба истифода дода шуда, миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 267 адад расонида шуд. Дар ин хусус Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон маълумот дод.

Гуфта шуд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 1 млрд 910 миллиону 45,6 ҳазор сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  209,4 млн сомонӣ афзоиш ёфтааст. 23 корхонаи саноатии шаҳр ба маблағи 442,4 млн сомонӣ ба давлатҳои хориҷии дуру наздик маҳсулот содирот намудаанд. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  102,8 фоиз ё 12,2 млн сомонӣ зиёд буда, ба рушди ин соҳаи реалии иқтисодиёт заминаи устувор мегузорад.

Инчунин дар нишаст гуфта шуд, ки дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронида зиёд шуда, соли 2023 аз ҷониби 108 корхонаи хурду калон ба маблағи 812,4 млн сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  64 млн сомонӣ ё 8,6 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар давраи ҳисоботӣ шумораи корхонаҳои аз сатҳи соли пешина зиёд маҳсулот истеҳсол намуда 58 адад ё 38,9 фоиз зиёд шуда, теъдоди онҳо ба 207 расидааст. Дар ин давра истеҳсоли номгӯи маҳсулот низ 24 намуд зиёд шуда, то ба 186 намуд расид.

Дар нишаст иброз гардид, ки дар масъалаи шуғлнокии ин соҳа низ пешравиҳо ба назар мерасанд. Шумораи кормандон нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 159 нафар зиёд шуда, музди маоши миёнаи кормандони соҳа нисбат ба ҳамин давраи соли 2022  124,5 сомонӣ зиёд шудааст.

Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: дафтари матбуоти Раиси  шаҳри Хуҷанд

Февраль 3, 2024 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд