НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Воридшавии сайёҳон ба Тоҷикистон аз 121 давлати ҷаҳон сабт шудааст

Февраль 12, 2024 11:30

ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 шумораи умумии сайёҳони ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, 1 миллиону 358 ҳазор нафарро ташкил намуд. Дар ин хусус имрӯз Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Мавсуф ҳамзамон иброз намуд, ки аз ин шумора 1 миллиону 256 ҳазору 200 сайёҳ ё 92,5 фоиз ба давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 101 ҳазору 800 нафар ё 7,5 фоиз ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд.

Аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд, 1 201 000 нафарашон сайёҳ арзёбӣ гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 201 ҳазор сайёҳ ё 20,2 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи маълумот, воридшавии сайёҳон ба Тоҷикистон аз 121 давлати ҷаҳон сабт шудааст.

Соли 2023 дар маҷмуъ 306 субъекти хизматрасони сайёҳӣ фаъолият намуд, ки инҳо 190 меҳмонхона, 34 хостел ва мотел, 52 осоишгоҳ, 5 осоишгоҳи кӯдакона ва лагери солимгардонӣ, 8 маркази муолиҷавӣ ва дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, кемпинг, 4 базаи сайёҳӣ ва истироҳатӣ мебошанд.

Аз ин шумора дар шаҳри Душанбе 36 меҳмонхона, 9 хостел, мотел ва дигар намуди меҳмонхонаҳо бо иқтидори 1925 ҳуҷра ва 3720 кати хоб ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ хизмат мерасонанд.

То 1 январи соли 2024 дар Тоҷикистон 224 ширкати сайёҳӣ дар асоси иҷозатномаи фаъолияти сайёҳии кумита фаъолият доранд, ки аз ин миқдор ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 41 ширкати сайёҳӣ, шаҳри Душанбе- 106 адад, вилояти Суғд- 45 адад, вилояти Хатлон- 17 адад ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 15 ширкат рост меояд.

София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 12, 2024 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Москва бо ташаббуси Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ Конфронси сатҳи баланд оид ба бехатарии парвозҳо баргузор гардид
Бо мақсади рушди фаъолияти соҳибкории занон бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ вохӯрӣ доир гардид
ҲУШДОРИ БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: ҳар як паём ё файлро бодиққат санҷед
Форуми сеюми байналмилалии соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир шуд
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Аврупо созишномаҳо ба имзо расонид
Дар Душанбе сеюмин Форуми байналмилалии ПЛАС «Digital Tajikistan 2026» баргузор гардид
Корхонаи пахтатозакунию равғанбарории ҶДММ «Кони ганҷ»-и Зафаробод бо иқтидори пурра фаъолият дорад
Имконоти сайёҳии Тоҷикистон тавассути шабакаи байналмилалии «Euronews» муаррифӣ мегарданд
Дар деҳаи Кулчашмаи ноҳияи Муъминобод фурудгоҳи маҳаллӣ навсозӣ мешавад
РАҚАМИКУНОНИИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар Тоҷикистон беш аз 120 хизматрасонии давлатӣ тавассути портали электронӣ дастрас мебошад
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар барномаи телевизионии «Оralar»-и Озарбойҷон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan 2026» оғоз шуд