ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. То 4 феврал дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, борону барф пешгӯӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 02.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. 3-4 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, дар бештари ноҳияҳо борону барф пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат.
Тибқи иттилои манбаъ, 3 феврал ва шаби 4 феврал дар баъзе ноҳияҳо борону барфи бошиддат пешгӯӣ мешавад. Ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, то 4 феврал дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ туман мефарояд.
Дар ағбаҳо ҳангоми фаромадани туман бадшавии дурии биниш то 500 метр пешбинӣ мешавад. 1-2 феврал дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ пастшавии ҳарорати шабонаи ҳаво то 15-20 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад.
Бо сабаби паст шудани ҳарорати шабонаи ҳаво 1-4 феврал дар шоҳроҳҳои мошингарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ пешгӯӣ мегардад. Шабонарӯзи наздик дар шоҳроҳи атомобилгарди Душанбе -Чаноқ (хусусан километрҳои 48-78 -и шоҳроҳ) эҳтимоли зуҳуроти тармафароӣ вуҷуд дорад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст






