ОГОҲИИ АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. То 4 феврал дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, борону барф пешгӯӣ мешавад

Февраль 2, 2024 15:16

ДУШАНБЕ, 02.02.2024. /АМИТ «Ховар»/.  3-4 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои номусоид боқӣ монда, дар бештари ноҳияҳо борону барф пешгӯӣ мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии мамлакат.

Тибқи иттилои манбаъ, 3 феврал ва шаби 4 феврал дар баъзе ноҳияҳо борону барфи бошиддат пешгӯӣ мешавад. Ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, то 4 феврал дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ туман мефарояд.

Дар ағбаҳо ҳангоми фаромадани туман бадшавии дурии биниш то 500 метр пешбинӣ мешавад. 1-2 феврал дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ пастшавии ҳарорати шабонаи ҳаво то 15-20 дараҷа хунукӣ пешгӯӣ мешавад.

Бо сабаби паст шудани ҳарорати шабонаи ҳаво 1-4 феврал дар шоҳроҳҳои мошингарди ноҳияҳои кӯҳии ҷумҳурӣ яхбандӣ пешгӯӣ мегардад. Шабонарӯзи наздик дар шоҳроҳи атомобилгарди Душанбе -Чаноқ (хусусан километрҳои 48-78 -и шоҳроҳ) эҳтимоли  зуҳуроти тармафароӣ вуҷуд дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 2, 2024 15:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд