ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар Риёз бо тими Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 20.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Баъди як моҳ, 21 март дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар доираи даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гурӯҳи «G» бозии сеюмашро анҷом медиҳад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Рақиби дастаи мо тими миллии Арабистони Саудӣ мебошад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳи Сауд баргузор шуда, соати 23:59 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар даври чоруми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар Варзишгоҳи марказии Душанбе вомехӯранд. Ин дидор 26 март, соати 20:00 оғоз мешавад.
Ҷоми ҷаҳон-2026. Марҳилаи интихобӣ
Даври дуюм. Гурӯҳи «G»
Даври 3
21 март (панҷшанбе)
Оғоз – соати 23:59 ба вақти Душанбе
Арабистони Саудӣ – ТОҶИКИСТОН
Риёз, Варзишгоҳи Донишгоҳи Шоҳи Сауд
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дар ноҳияи Темурмалик Мусобиқаи байналмилалии гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) баргузор мегардад
Соли 2024 Маҷмаи Умумии СММ пешниҳоди Тоҷикистон доир ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футболро пазируфт
Ба муносибати Рӯзи телевизион, радио ва кормандони соҳаи алоқа мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) мусобиқаро бо ғалаба оғоз намуд
Ғолибони даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Имрӯз дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии аввалро анҷом медиҳад
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: ҷудокорони Тоҷикистон 4 медал ба даст оварданд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Дар рӯзи охирини мусобиқа ҷудочиён аз рӯйи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси 76-уми ФИФА дар Канада иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 4 вазн қувва меозмоянд
Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд






