ҶОМИ ОСИЁ-2023. Имрӯз дар бозии финалӣ Урдун ва Қатар рақобат менамоянд

Февраль 10, 2024 13:00

ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 феврал дар Варзишгоҳи миллии шаҳри Лусаил (Қатар) соати 20:00 бо вақти Душанбе бозии финалии Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби Урдун ва Қатар баргузор мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Урдун дар гурӯҳи «D» бо касби 4 имтиёз мақоми сеюмро соҳиб шуда, ба плей-офф баромад. Дастаи мунтахаби Урдун дар ҳаштякфинал Ироқро бо ҳисоби 3:2, дар чорякфинал Тоҷикистонро бо ҳисоби 1:0 ва дар даври нимниҳоӣ Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуд.

Дастаи мунтахаби Қатар дар гурӯҳи «А» бо касби 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, ба плей-офф баромад. Дастаи мунтахаби Қатар дар ҳаштякфинал Фаластинро бо ҳисоби 2:1 ва дар чорякфинал Узбекистонро аз рӯйи зарбаҳои 11-метрӣ бо ҳисоби 3:2 (замони асосӣ ва изофа – 1:1) шикаст дод.

Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба ҳаштгонаи беҳтарин дастаҳои мусобиқот шомил гардид.

Қобили тазаккур аст, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бори аввал дар таърих дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё иштирок намуд ва ба даври чорякниҳоии мусобиқот роҳ ёфта, дар таърихи футболи тоҷик  саҳифаҳои наву шоистаи таҳсин боз намуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 10, 2024 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид