РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Корҳои омодагӣ ҷиҳати баргузор намудани Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оғоз гардиданд

Февраль 20, 2024 17:09

ДУШАНБЕ, 20.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 феврали соли 2024 «Нақшаи чорабиниҳо оид ба омодагӣ ва баргузор намудани Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» тасдиқ гардид. Конфронси мазкур дар доираи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об ва иқлим дар пойтахти мамлакат моҳи июни соли равон баргузор шуда, дар он баргузории муколамаҳои муштарак, форум ва ҷаласаҳои алоҳида доир ба масъалаҳои об ва иқлим дар назар дошта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Тибқи ин қарор, Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ва баргузор намудани Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» вазифадор гардидааст, ки санаи мушаххаси баргузории конфронсро якҷо бо сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид муайян намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод манзур намояд.

Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, конфронси мазкур дар шаҳри Душанбе баргузор гардида, дар он роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои бархе аз давлатҳои ҷаҳон, инчунин созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани ин чорабинии сатҳи баланд таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, 2018-2028» таъсис дода шудааст.

Раванди оби Душанбе ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” мебошад, ки тавассути баргузор намудани конфронси байналмилалӣ дар ду сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо умумии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) амалӣ мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки то имрӯз дар шаҳри Душанбе ду Конфронси сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бомуваффақият баргузор гардиданд.

Конфронси якуми Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об моҳи июни соли 2018 дар Душанбе доир шуда буд. Зимни суханронӣ дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тазаккур доданд, ки раванди таҳияву пешбурди қатъномаи нави Маҷмаи умумии СММ оид ба шарҳи миёнамуҳлати ҷараёни татбиқи Даҳсола барои ҳамкории мо абзори иловагӣ фароҳам овард.

Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ» аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ ва дигар шарикон ташкил гардида, ҳамчун занҷираи марказӣ ба Конфронси СММ оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) пайванд буд.

Ҳамзамон аз 22 то 24 марти соли 2023 дар қароргоҳи СММ Конфронси СММ оид ба захираҳои об баргузор гардид, ки имконияти нодир барои суръат бахшидан ба пешрафт дар таъмини дастрасии умумӣ ба оби тоза ва хизматрасонии санитарӣ то соли 2030 гардид. Ба сифати ҳамраисони он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр суханронӣ намуданд.

Тибқи иттилои масъулин, Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи амали об инчунин механизме хоҳад буд, ки ҳукуматҳо, СММ ва ҳамаи шарикони дигарро барои табдил додани ниятҳо ба амалҳо ва ҳавасманд намудани қабули уҳдадориҳои нав, ки дар Рӯзномаи амалиёти об сабт мешаванд, ҷалб месозад.

«Ба ин васила, аз ҷумла мо метавонем таваҷҷуҳи сайёҳон, сармоягузорон ва умуман иштиёқмандони таъриху фарҳангро ба ин зарфият ҷалб намоем ва мо аз ширкатҳои истеҳсолӣ, сайёҳӣ, ҳунармандӣ, осорхонаву фурудгоҳҳо ва доираи васеи соҳибкорону ҳунармандон даъват менамоем, ки аз ин имкони хуб ва фарох истифода намоянд. Тибқи баҳодиҳии пешакӣ, дар Конфронси Душанбе беш аз 1500 нафар иштирок менамоянд ва бо истифода аз ин фурсати муносиб мо метавонем оламиёнро бо фарҳангу таърих, урфу одати мардумамон ва табиати нотакрору дастовардҳои навини Тоҷикистон шинос гардонем», — иброз доштанд онҳо.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонӣ

Февраль 20, 2024 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд