Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳафтаи сатҳи баланди иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ҷумҳурии Непал ва дигар кишварҳо таҳти унвони «Аз Сагарматха то баҳр: даъват ба амал барои ояндаи устувор дар шароити тағйирёбии иқлим» дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид ҳамоиши сатҳи баланд баргузор намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин робитаи ногусастании экосистемаҳои кӯҳӣ, захираҳои обӣ ва ҷомеаҳои поёнобро таъкид намуд.
Иброз гардид, ки давоми панҷоҳ соли охир дар Тоҷикистон тақрибан 1300 пирях аз байн рафтааст. Дар ин замина, зарурати тақвияти мониторинги илмӣ, низомҳои огоҳии бармаҳал, инфрасохтори ба тағйирёбии иқлим тобовар, ҳамкории технологӣ ва дастрасӣ ба маблағгузорӣ таъкид карда шуд. Ҳамзамон саҳми пайвастаи Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ, аз ҷумла дар доираи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Хазинаи эътимодноки байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва Раванди оби Душанбе таъкид гардид.
Дар ҳамоиш вазири корҳои хориҷии Непал Шишир Ханал, Президенти иҷлосияи 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доктор Халилур Раҳмон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Молдив хонум Ирутҳишам Адам, инчунин намояндагони давлатҳои аъзо ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ, муассисаҳои илмӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор иштирок намуданд.
Дар ҳамоиш зарурати таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ба хотири ҳифзи пиряхҳо, ҳифзи захираҳои обӣ ва таҳкими устувории иқлими ҷомеаҳои кӯҳӣ, поёноб, соҳилӣ ва ҷазиравӣ таъкид гардид. Иштирокдорон аҳаммияти тақвияти ҳамкории илмӣ, низомҳои огоҳии бармаҳал, дастрасӣ ба маблағгузории соҳаи иқлим, интиқоли технология ва ҳамкории ҳамоҳангшудаи минтақавию байналмилалиро барои вокуниш ба пайомадҳои ба ҳам алоқаманди тағйирёбии иқлим аз минтақаҳои кӯҳӣ то баҳру уқёнусҳо таъкид карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид






