РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Яке аз ҳадафҳои асосии он мубодилаи таҷрибаи пешқадам ва ҷустуҷӯи ҳалли инноватсионӣ аст

Февраль 6, 2024 10:10

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 10 то 13 июни соли 2024 дар шаҳри  Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад  АМИТ «Ховар».

Ҳадафи конфронс табодули таҷрибаи беҳтарин ва дарёфти роҳҳои ҳалли инноватсионӣ, инчунин таҳкими шарикӣ байни ҷонибҳои манфиатдор ва баланд бардоштани нақши об дар рушди устувор мебошад.

Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амалиёти об аз силсилаи чорабиниҳое мебошад, ки дар ду сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо СММ оид ба дастгирии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» гузаронида мешавад.

Бо баргузории ин чорабинии муҳим,  Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки платформаро барои пайгирӣ, пешбурд ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи обии Конфронси СММ оид ба захираҳои об сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо оид ба ноил гардидан ба ҳадафҳои Рӯзномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030-ро таъмин намояд.

Ин яке аз уҳдадориҳои қабулгардидаи давлат мебошад, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси СММ оид ба об эълон шудааст.

«Раванди оби Душанбе» – ин ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дастгирии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад, ки бо роҳи гузаронидани конфронсҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо СММ дар ду сол як маротиба аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешавад.

То имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри  Душанбе ду конфронси сатҳи баланд бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» муваффақона баргузор гардидааст.

Лайло ТОИРӢ,
Азиза ИКРОМӢ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 6, 2024 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд
Дар Москва Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Ветнам баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии Кувайт дар умури ҷавонон ва варзиш мулоқот кард