Сарбозону афсарон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни қадимии тоҷикон шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 31-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ» тасмим гирифтааст, ки то 23 феврал 2500 нафар афсарону сарбозони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври ройгон ба тамошои нигора ва намоишҳои ҷашнии Осорхонаи миллӣ ҷалб намояд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Осорхонаи миллӣ иттилоъ доданд.
Дар доираи ин ташаббус як гурӯҳ сарбозону афсарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ рафта, бо таъриху фарҳанг ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мамлакат шинос шуданд.
Барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан аз ҷониби роҳбаладони Осорхонаи миллӣ сайрҳои осорхонавӣ ташкил гардид. Сарбозону афсарон ҳангоми тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ дар бораи нигораҳои нодири таърихӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон маълумоти муфассал пайдо намуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






