ШАҲРВАНДОНИ КОМИЛҲУҚУҚ. Ба 1152 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ шиноснома дода шуд

Февраль 22, 2024 18:23

ВОСЕЪ, 22.02.2024 АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ба 1 ҳазору 152 хатмкунандаи муассисаҳои  таълимии ноҳияи Восеъ шиноснома дода шуд. Тавре  сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеъ Шуҳрат Пирзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод, аз аввали соли равон 762 шаҳрванд шиносномаи хориҷӣ гирифтааст.

 Шуҳрат Пирзода иброз дошт, ки масъулини Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ оид ба тартиби додани шиноснома ва истифодаи он байни хонандагони муассисаҳо вохӯрӣ гузаронида, хонандагонро даъват намуданд, ки ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқ неруи созандаашонро ба ободу зебо намудани ҷумҳурии соҳибистиқлоламон равона намоянд.

Масъулин вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҳуқуқвайронкунии хонандагон, истифодаи телефонҳои мобилӣ, ворид нашудан ба маконҳои дилхушӣ ва толорҳои саққобозӣ суҳбат намуданд.

Масъулини Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ноҳияи Восеъ тасмим гирифтаанд, ки дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо шаҳрвандон вохӯрӣ гузаронида, шиносномаҳоеро, ки муҳлаташон гузаштааст, бо шиносномаҳои нав иваз намоянд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 22, 2024 18:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад