ШАҲРВАНДОНИ КОМИЛҲУҚУҚ. Ба 1152 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ шиноснома дода шуд
ВОСЕЪ, 22.02.2024 АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ба 1 ҳазору 152 хатмкунандаи муассисаҳои таълимии ноҳияи Восеъ шиноснома дода шуд. Тавре сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Восеъ Шуҳрат Пирзода ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода иттилоъ дод, аз аввали соли равон 762 шаҳрванд шиносномаи хориҷӣ гирифтааст.
Шуҳрат Пирзода иброз дошт, ки масъулини Хадамоти шиносномавию бақайдгирӣ оид ба тартиби додани шиноснома ва истифодаи он байни хонандагони муассисаҳо вохӯрӣ гузаронида, хонандагонро даъват намуданд, ки ҳамчун шаҳрванди комилҳуқуқ неруи созандаашонро ба ободу зебо намудани ҷумҳурии соҳибистиқлоламон равона намоянд.
Масъулин вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҳуқуқвайронкунии хонандагон, истифодаи телефонҳои мобилӣ, ворид нашудан ба маконҳои дилхушӣ ва толорҳои саққобозӣ суҳбат намуданд.
Масъулини Хадамоти шиносномавию бақайдгирии ноҳияи Восеъ тасмим гирифтаанд, ки дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия бо шаҳрвандон вохӯрӣ гузаронида, шиносномаҳоеро, ки муҳлаташон гузаштааст, бо шиносномаҳои нав иваз намоянд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд






