РУШДИ САНОАТИ ДОРУСОЗӢ. Дар 3236 муассисаи фармасевтӣ 571 намуд доруворӣ ва молҳои тиббӣ истеҳсол шудааст
ДУШАНБЕ, 13.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 3236 муассисаи фармасевтӣ фаъолият менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 142 адад зиёд мебошад. Дар ин давра 61 корхонаи ватанӣ 571 намуд доруворӣ ва молҳои тиббӣ, ки дар умум 325 номгӯйро ташкил медиҳад, истеҳсол намудааст. Ин шумора нисбат ба соли 2022 — 6 корхона, 31 намуд доруворӣ ва 18 номгуй дору ва молҳои тиббӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода 12 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон хабар дод.
Дар нишасти хабарӣ изҳор гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар ҷумҳурӣ истеҳсолшаванда дар соли 2023 зиёда аз 95 миллион ададро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллион адад зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, ки яке аз самтҳои муҳими соҳаи тандурустӣ бахши фарматсевтӣ мебошад. Барои танзими фаъолияти фарматсевтӣ ва муомилоти доруворӣ дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат сохтори дахлдор таъсис дода шуда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муомилоти доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд.
Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пайваста рушди саноати дорусозиро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин дар соҳаи тандурустии мамлакат таъкид менамоянд.
Муассисаи давлатии «Маркази илмию тадқиқотии фарматсевтӣ» дар соли 2023 корҳои илмию тадқиқотиро оид ба коркарди технологияи ҳосилкунии экстракт ширинии тути сафед, ферулин ғилофак, меваи қоқи тути сафед, шарбати холагон, меваи хуч ва зелол таҳия карда, шароити техникии онҳо дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тасдиқ гардиданд.
Ҳамзамон дар сехи истеҳсоли таҷрибавии Марказ 1 номгуй маҳсулот дар шакли сироп ба микдори 200 қуттӣ истеҳсол шуд. Ба маҳсулоти истеҳсолшуда сертификати мутобиқат аз тарафи Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дода шуд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. 100 хоҷагии деҳаи Зарнисор-1-и ноҳияи Рӯдакӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гардид
Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Бонувони муваффақи шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон» гардид
Таъмини шаҳри Душанбе бо барқ ва гармӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи масъулин қарор дорад
Ҳамкории Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо Бонки ҷаҳонӣ тақвият меёбад
Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ татбиқи лоиҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодиро баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Гулистон Форуми IV минтақавии ҷавонони ҳавзаи дарёи Сир – 2026 доир гардид
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст






