Соли 2023 дар шаҳри Ваҳдат 15 корхонаи саноатӣ бунёд гардид

Февраль 11, 2024 13:59

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар шаҳри Ваҳдат 15 корхонаву коргоҳи саноатӣ бунёд шудааст. Инҳо корхонаҳои истеҳсолу коркарди маҳсулоти сохтмонӣ, кишоварзӣ, филизӣ, селофан ва хӯрокворӣ мебошанд.

Дар ин хусус Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти умумии саноатӣ 6,2 фоиз афзуд.

Ҳамзамон Раиси шаҳр иттилоъ дод, ки давоми соли 2023 дар ҳудуди шаҳр 2168 ҷойи нави кор таъсис дода шуд, ки аз он 955 (44%) ҷойи кор доимӣ, 18 (0,8%) ҷойи кор мавсимӣ ва 1195 (55,2%) ҷойи кор муваққатӣ мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 11, 2024 13:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 4 ҳазор коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ фаъолият менамояд
Дар вилояти Суғд 109 корхонаи нави саноатӣ таъсис гардид
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Фаъолияти босамари корхонаи муштараки «Зарафшон»-и Панҷакент ба рушди саноат нигаронида шудааст
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 17 иншоотро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Кӯлоб корхонаи истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии автомобилӣ ҶДММ «Тоҷик-Алмос»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Мабно»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи сохтмони Маркази агрологистикӣ дар шаҳри Хоруғ шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд