Соли 2024 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид

Февраль 17, 2024 11:34

ДУШАНБЕ, 17.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, имрўз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Давлати Қатар рафтанд.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21-22- юми январи соли равон ба Давлати Қатар сафари давлатӣ анҷом доданд.

Дар доираи ин сафар 22 январ дар шаҳри Давҳа мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ширкатҳои Давлати Қатар баргузор шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми соҳибкорони Точикистону Қатар, ки бо иштироки Вазири савдо ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим Оли Сонӣ баргузор гардид, суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҳадафи мулоқоти имрӯза муаррифии бештару хубтари имконияти воқеии ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории ду давлати ба ҳам бародар мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин оид ба вазъи кунунии иқтисодии Тоҷикистон ва арсаҳои алоҳидаи ояндадори ҳамкорӣ, аз ҷумла роҳҳои рушди минбаъдаи соҳаҳои стратегии иқтисоди мамлакат андешаронӣ намуданд.

22 январ пас аз анҷоми мулоқоти музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар дар ҳамин рўз бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Аз рӯйи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ 9 санад имзо гардид, аз ҷумла:

— Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии ҳолатҳои фавқулода ва офатҳои табиӣ байни Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати мудофиаи граждании Вазорати корҳои дохилии Давлати Қатар;

— Барномаи аввалини амал дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ тибқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф, таҳсилоти олӣ ва тадқиқоти илмӣ барои солҳои таҳсилӣ (2024/2025-2025/2026-2026/2027).

— Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Давлати Қатар барои солҳои 2024-2026;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди осорхона байни Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи осорхонаҳои Давлати Қатар;

— Изҳороти муштарак дар бораи рушди ҳамкории фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Давлати Қатар;

— Ёддошти тафоҳум байни Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди молиявии Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилооти кашшофии молиявӣ вобаста ба ҷиноятҳои алоқаманд ба қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳо ва маблағгузории терроризм;

— Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Давлати Қатар оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя;

— Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти танзимкунандаи фаъолияти хайриявӣ дар Давлати Қатар;

— Ёддошти тафоҳум байни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти минтақаҳои озоди Қатар;

АКС аз бойгонӣ

Февраль 17, 2024 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ озмун эълон менамояд
Нахустин Саммити сарони давлатҳои Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» баргузор мешавад
Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея густариши ҳамкориро дар соҳаи роҳи оҳан баррасӣ намуданд
Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҳамкории Тоҷикистон бо ITFC ва ICD баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд
Масъалаи тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо дар Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Дар Ню-Йорк тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ESCAP ва UNECE баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Императори Ҷопон эътимоднома супорид
Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон задухӯрди мусаллаҳонаро дар Умон қотеона маҳкум кард
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Қатар дар самти бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси дипломатҳои ҷавон баррасӣ гардид
Дар Риёз мулоқоти сафирони Тоҷикистон ва Чин дар Арабистони Саудӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар маросими кушодашавии XXXIII Фестивали байналмилалии санъат «Славянский базар» иштирок намуд