ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 феврал, панҷшанбе, 32-юмин рӯзи соли 2024 аст
Дар ин рӯзи соли 1993 дар шаҳри Душанбе Намояндагии аввали Созмони Милали Муттаҳид — Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон (ДНСММТ) кушода шуд.
***
1 феврали соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаҳои қаблӣ ба шиносномаи биометрӣ иваз шуданд.
***
Соли 2011 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг баррасӣ шуд.
***
Соли 2011 сокинони водии Зарафшон аввалин маротиба аз Хати интиқоли барқи «Шимол — Рӯдакӣ» қувваи барқи дохилӣ дастрас гардид.
***
1 феврали соли 2011 маросими баимзорасии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи таъсис ва тарзи фаъолияти маркази фарҳангӣ-иттилоотӣ баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе масъалаи сохтани неругоҳҳои хурди барқи обӣ ва имконияти таъсис додани корхонаи муштараки Тоҷикистон ва Олмон оид ба истеҳсоли батареяҳои офтобӣ баррасӣ шуд.
1 ФЕВРАЛ:
Дар ИМА – Рӯзи миллии озодӣ.
***
Дар Алҷазоир – Рӯзи тахлия (аз ҷойҳои хавфнок муваққатан ба ҷойҳои осуда кӯчонидани аҳолӣ ва молу анҷом).
***
Дар Малайзия – Рӯзи ҳудуди федералӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






