Ташаббуси ҷаҳонии Президенти Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо бо намояндаи Созмони Милали Муттаҳид дар Тошканд баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои гуногунии биологӣ, рушди устувор, тағйирёбии иқлим, хатари офатҳои табиӣ дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо директори Барномаи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба ҳифзи муҳити зист хонум Ингер Андерсон дар Тошканд баррасӣ гардид.
Ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки мулоқот дар ҳошияи ҷаласаи 14 –уми Конфронси тарафҳои Конвенсия оид ба ҳифзи ҳайвоноти ваҳшии муҳоҷираткунанда доир шуд.
Зимни мулоқот мусоҳибон оид ба ташаббуси ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025 ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо эълон намудани 21 март, инчунин дар чорчӯби Созмони Милали Муттаҳид таъсис додани Фонди мақсадноки байналмилалӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо ибрози назар намуданд.
Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ ба мувофиқа расиданд.
Дар хотима Баҳодур Шерализода хонум Ингер Андерсонро ба Конфронси байналмилалии «Об барои рушди устувор», ки моҳи июни соли 2024 дар шаҳри Душабе баргузор мегардад, даъват намуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
Дар ноҳияи Дӯстӣ ҷамъоварии шолӣ оғоз гардид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд






