TASHKENT GRAND SLAM 2024 . Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 16 варзишгар намояндагӣ мекунад

Февраль 21, 2024 10:08

ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби  Тоҷикистон оид ба ҷудо дар мусобиқаи навбатии «Сайри ҷаҳонии ҷудо» – Tashkent Grand Slam 2024  дар ҳайати 16 нафар иштирок менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Мусобиқа аз 1 то 3 март бо иштироки 463 варзишгари беш аз 70 давлат баргузор мешавад.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шукрона Қарчиева (-48кг), Аҳлия Муъминова (-52кг), Фазилат Гулбоева (-57кг), Мавлуда Одинаева (-63кг) байни духтарон ва  Меҳрзод Суфиев, Ҳақдод Гулов (-60кг), Эмомалӣ Нуралӣ (-66кг), Беҳруз Ҳоҷазода, Маҳмадшариф Наҷмуддинов (-73кг), Сайфиддин Сайфиддинзода, Сунатулло Мусоев (-81кг), Комроншоҳ Устопириён,  Акмал Муродов (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100кг), Мансур Раҳмон ва  Шакармаҳмад Мирмамадов (+100кг) байни мардон дохил мебошанд.

Варзишгарон барои иштирок дар мусобиқа хол ба даст оварда, мавқеашонро дар раддабандии олимпӣ беҳтар менамоянд. Ғолибон ва ҷоизадорон дар баробари медал ҷоизапулӣ мегиранд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Февраль 21, 2024 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2026. Наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи 1/16-ниҳоӣ бо тими Италия рақобат мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон ба марҳилаи 1/16-ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2026 роҳ ёфт
Муҳаммаданис Солиҳов дар Мусобиқаи «Tashkent Grand Prix Cadets 2026» соҳиби медали тилло гардид
Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд
ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад