Тибқи рейтинги нави Шурои миллии таҳқиқоти Испания Донишгоҳи техникии Тоҷикистон 101 зина боло рафта, дар зинаи 5415 қарор дорад

Февраль 7, 2024 16:04

ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/.   Шурои миллии таҳқиқоти Испания (CSIC) моҳи январи соли 2024 рейтинги навашро мунташир сохт, ки тибқи он Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор дошта, дар сатҳи ҷаҳон дар байни зиёда аз 31000 донишгоҳу донишкада (Universities: January 2024 Edition 2024.1.1 beta)  дар зинаи 5415 қарор дорад, яъне, назар ба соли гузашта 101 зина боло рафтааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

 

Ба гуфтаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Қудрат Давлатзода, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  дар самти омода намудани мутахассисони муҳандисӣ ва илмӣ-педагогӣ фаъолияташро пеш бурда, соли 2023 дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» якчанд чорабиниҳои илмӣ-амалӣ баргузор намуд.

Дар ин давра дар донишгоҳ 9 конференсияи илмӣ-амалии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо донишҷӯёну унвонҷӯён ва олимон фаъолона иштирок намуда, натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотиашонро ба нашр расониданд.

Дар баробари нашри мақолаҳо дар маводи конференсияву маҷаллаҳои илмии донишгоҳ фаъолияти олимони донишгоҳ дар самти интишори мақолаҳои илмӣ дар нашрияҳои тақризии байналмилалӣ, аз ҷумла Scopus, Web of Science ва ғайра хеле назаррас аст. Аз ҷумла, соли 2023 аз ҷониби устодони донишгоҳ зиёда аз 40 мақола (Scopus, Web of Science ва амсоли онҳо) чоп гардидааст.

Ин аст, ки тибқи нишондиҳандаи рейтинги Вэбомэтрикс Ранкин оф Юнивурситиз Ворлд (Webometrics Ranking of Universities World), ки бо номи Ранкин Вэб оф Юнивурситиз (Ranking Web of Universities) маъруф аст, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон давоми солҳои охир бо нишондиҳандаҳои баландтарин дар рӯйхати беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон қарор гирифт, ки ин ба якчанд нишондиҳанда, аз ҷумла иқтибоси беруна ба мақолаҳои илмӣ ва номи донишгоҳ, сомонаи интернетӣ ва ғайра асос ёфтааст.

Ин рейтинг дар асоси пажуҳиши Шурои миллии таҳқиқоти Испания (CSIC), ки дар Мадрид ҷойгир аст, ҳамасола нашр мегардад. Ҳадафи рейтинг баланд бардоштани ҳузури муассисаҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ дар сомонаҳои интернетӣ ва мусоидат ба нашри кушоди натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотии устодону донишҷӯён мебошад.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 7, 2024 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд