«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Тоҷикистон ташаббуси муаррифии либоси миллӣ оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шуруъ аз 1 март то 31 май дар саросари ҷумҳурӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» амалӣ мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бояд гуфт, ки ин иқдом ҳамасола аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он муаррифии либоси миллӣ мебошад, зеро оламиён миллати тоҷикро бо фарҳанги хоси шарқиёна мешиносанду эҳтиром менамоянд.
Либоси тавсиявӣ-миллӣ барои ҳар шаҳрванд ба хотири имрӯзу фардои миллат ва пос доштану эҳтиром намудани рукну рамзҳои миллӣ муҳим ва масъулиятнок маҳсуб мешавад.
Пӯшидани либоси миллӣ шиддати воридшавии либосҳо ва фарҳанги бегонаро ба мамлакат паст менамояд. Волидайн ва тамоми ниҳодҳое, ки ба ин масъала вобаста мебошанд, дар ҳамбастагӣ амал намуда, метавонанд дар шароити ҷаҳонишавӣ фарҳанги миллӣ ва нуфузи Тоҷикистонро ҳифз намоянд.
АКС аз манбаъҳои боз








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






