ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид
ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 6 феврал аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид. Дар зер андешаҳои Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умут Аҷар пешниҳоди хонандагони сомона гардонида мешавад.
— Як ҳафта пас аз шуруъ намудан ба вазифаам, 6 феврали соли 2023, рӯзи душанбе ду заминларзаи бошиддат бо дараҷаҳои 7,8 ва 7,5 бо фосилаи 9 соат ноҳияҳои Пазарҷик ва Элбистани шаҳри Каҳраманмараши Туркияро такон дод.
Заминларзаҳо дар масоҳати 120 ҳазор километр ба 11 шаҳр, 124 ноҳия, 6 ҳазору 929 қишлоқу маҳалла осеб расониданд. 53 ҳазору 537 нафар ҷон бохта, 107 ҳазору 213 нафар захмдор гардиданд.
38 ҳазору 901 бино фурӯ рафт. Дар 26 ҳазор бино, ки сокин буданашон муайян гардида буд, корҳои наҷотдиҳӣ ва ҷустуҷӯйӣ анҷом дода шуданд.
Пас аз офат Туркия гирди ҳам омад. Давлату миллат дар ҳамроҳиву ҳамдилӣ ҳаракат намуд.
Сараввал хаймаҳо насб шуданд. Ба минтақа 1 миллион хайма фиристода шуд. Дар майдони 350 шаҳраки хаймавӣ 645 ҳазор хайма насб шуд ва тақрибан 2,5 миллион офатзада бо сарпаноҳи муваққатӣ таъмин шуд.
Дар ҳоле ки ҳамаи ин корҳо анҷом меёфт, 3 миллиону 549 ҳазор нафар офатзада, ки мехостанд ба назди наздиконашон бираванд, таҳлия шуданд. Дар ин давра ширкати ҳавопаймоии туркии “Turkish Airlines” бо 13 ҳазору 549 парвоз зиёда аз 2 миллион мусофирро интиқол дода, таърихи фаромӯшнашавандае навишт. Тавассути 712 парвози боркашӣ 32 ҳазору 770 тонна кумаки башардӯстонаро ба минтақаи заминларза интиқол дод.
Миллати турк, муассисаҳои давлатӣ, тамоми идораҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳоямон, одамони аз 7 то 70-сола- ҳар кас даст ба даст гирифта, об, ғизо, доруворӣ, сару либос, ашёи гигиенӣ, яъне тамоми чизҳои барои зиндагӣ заруриро дар қуттиҳо ҷойгир намуда, аз даст ба даст ба мошинҳои боркаш бор намуданд. Дар чаҳорчӯби хизматрасонии ғизоӣ дар минтақа ҳар рӯз ба ҳисоби миёна ба 4 миллион нафар хизмати ғизоӣ расонида шуд. 20 миллион бастаи озуқаворӣ тақсим шуд, тақрибан 150 ҳазор мошини боркаш бо кумакҳои башардӯстона ба минтақа интиқол дода шуд ва тақсимоти онҳо ҳамоҳанг гардид. Модаркалонҳоямон кӯрпаҳои хонаҳояшонро мефиристоданд, бародарону хоҳарони ҷавони мо пули барои тӯйи арӯсӣ ҷамъкардаашонро хайр мекарданд, фарзандони мо пули дар пулҷамъкунакҳо (копилкаҳо) ҷамъкардаашонро тақсим менамуданд — ин бори дигар нишон дод, ки миллат будан чӣ маъно дорад.
Туркия фалокати асрро ба ҳамраъйии аср табдил дод.
Дар амалиёти вокуниш дар минтақаи зилзила дар маҷмуъ 650 ҳазор нафар, аз ҷумла 11 ҳазору 488 намоянди байналмилалӣ, 35 ҳазору 250 корманди ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳӣ ва 142 ҳазор корманди амниятӣ кор намуданд. Дар ин корҳо 20 ҳазор воситаи нақлиёт ва техникаи корӣ, 141 чархбол, 182 ҳавопаймо ва 23 киштӣ ҷалб шуд. Аз зери харобаҳо ҷонҳо наҷот дода шуда, муъҷизаҳо эҷод гардиданд.
Ҳар дастаи ҷустуҷӯйӣ-наҷотдиҳӣ аслан достоне навишт. Байни дастаҳои наҷотдиҳӣ-ҷустуҷӯйӣ аз 93 давлати ҷаҳон гурӯҳи наҷотдиҳандагони Тоҷикистон низ қарор дошт. Тоҷикистон бори нахуст дар таърих ба хориҷи мамлакат дастаи наҷотдиҳӣ-ҷустуҷӯйӣ фиристод ва дар чунин рӯзҳои душвор моро дастгирӣ намуд.
Онҳо корҳоро фидокорона анҷом ва аз зери харобаҳо ҷонҳоро наҷот доданд. Бо ин роҳ қаҳрамонони Тоҷикистон ҳамчунин қаҳрамонони Туркия гардиданд.
Туркия ин дарди бузурги басаромадаро дар якҷоягӣ ба дӯш гирифт. Захмҳоямонро дар якҷоягӣ шифо додем. Чунки танҳо дар якҷоягиву ҳамдилӣ метавон чунин рӯзҳои душворро паси сар намуд.
Дар 2 миллиону 302 ҳазор бино ва 6 миллиону 227 ҳазор минтақаи мустақил хисорот сабт шуд. Давоми 68 рӯз харобаҳои 60 ҳазору 421 бинои фурӯрехта ва биноҳое, ки бояд таъҷилан тахриб мегардиданд, тамоман бардошта шуданд. Аз 200 ҳазору 401 биное, ки хисороти ҷиддӣ диданд, 166 ҳазору 602 адади он аз харобаҳо тоза карда шуданд. То ҳол 91 фоизи корҳои тозакунии харобаҳо ба охир расидааст. Қисми боқимондаи раванди тозакунии харобаҳо босуръат идома дорад.
Бо суръати дар дунё беназир то охири сол 200 ҳазор хонаи истиқоматӣ сохта шуда, ба соҳибонашон тақдим мегарданд.
Ба давлат ва мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон, ки аз аввалин лаҳзаҳои заминларзаи 6 феврал дастгирии хешро дареғ надоштанд, миннатдории ин ҷонибро мерасонам.
Бо фармони Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таҳти роҳбарии Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳаҷми зиёд кумаки башардӯстона ба Туркия ирсол гардиданд. Дар ин раванд ширкати «Сомон Эйр» низ ҳамроҳи ширкати «Turkish Airlines» ба таври ройгон кумаки башардӯстона интиқол дод.
Шумораи зиёди бародару хоҳарони тоҷикамон ба Сафорат омада, дар ҷаҳорчӯби имконоташон кумак расониданд. Касоне, ки имкони расонидани кумакро надоштанд, омада, дар назди дарвозаҳои мо дуо карданд. Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон дар расонидани паёмҳои таъҷилии мо ба мардум дастгири мо буданд.
Ин андӯҳи аз сар гузаронидаамонро ҳамеша дар хотир хоҳем дошт. Ҳамчунин дастгирии зоҳирнамудаи Тоҷикистонро ҳеҷ гоҳ фаромӯш наменамоем.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон