Вазири маориф ва илм бо директори минтақавии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ мулоқот намуд

Февраль 1, 2024 17:35

 ДУШАНБЕ, 01.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо директори минтақавии Бонки исломии рушд дар Осиёи Марказӣ Иброҳим Шукрӣ вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.

Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки вохӯрии имрӯза дар  таҳкими  ҳамкорӣ  байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки исломии рушд нақши муҳим  хоҳад гузошт.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки  ҳамкорӣ  дар доираи татбиқи лоиҳаҳои «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳо», «Барномаи саводнокии касбӣ барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP)», «Таҳсилоти касбию техникӣ ва омӯзиш дар минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва марҳилаи дуюми лоиҳаи «Дастгирии татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф» барои ба даст овардани натиҷаҳои назаррас  дар соҳаи маориф равона гардидааст.

Иброҳим Шукрӣ гуфт, ки вусъати ҳамкорӣ  дар соҳаи маориф ва илм дар оянда ба манфиати ҷонибҳо хоҳад буд. Иброз гардид, ки яке аз паҳлуҳои асосии ҳамкории ҷонибҳо лоиҳаи «Таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳо» аз 4 сентябри соли 1999 мавриди амал қарор гирифта, то кунун дар се марҳилаи лоиҳа корҳои зиёде ба анҷом расидааст.

Мавриди тазаккур аст, ки дар вохӯрӣ масъалаҳои зиёде, аз ҷумла сохтмони муассисаҳои таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самтҳои гуногуни соҳа, ҷалб ва омӯзиши мутахассисони самти илмҳои техникӣ, таъмини базаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баргузории семинарҳои омӯзишӣ, баланд бардоштани малакаю маҳорати касбии ҷавонон ва дигар қишрҳои ҷомеа,  инчунин  омода намудани мутахассисони варзида мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 1, 2024 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Фанни «Технология (таълими меҳнат)» дар ташаккули малакаи наврасон нақши муассир дорад