Вазорати корҳои дохилӣ: «Ду соли охир Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ дар қатори давлатҳои амнтарини дунё эътироф мешавад»

Февраль 15, 2024 15:40

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пайваста фаъолиятро дар доираи тадбирҳои пешгирӣ, ошкоркунӣ, бартарафкунӣ, фошсозӣ ва тафтиши ҷиноятҳо пеш мебарад. Ҳамин аст, ки давоми ду соли охир созмонҳои мустақил ва беғарази байналмилалӣ Тоҷикистонро дар қатори давлатҳои амнтарини дунё эътироф намудаанд. Дар ин хусус Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ оид ба натитҷаҳои фаъолияти оперативӣ-хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2023 ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Рамазон Раҳимзода иттилоъ дод, ки давоми соли 2023 дар ҳудуди Тоҷикистон 57 ҷинояти одамкушӣ ва суиқасд ба одамкушӣ, 19 ҷинояти роҳзанӣ, 107 ҷинояти ғоратгарӣ, 47 ҷинояти таҷовуз ба номус, 129 ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 1 ҳазору 414 ҷинояти авбошӣ, 2 ҳазору 762 ҷинояти қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои марбут ба дуздӣ, ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва тайёр намудани силоҳ, тамаъҷӯӣ, муомилот, нигоҳ доштан ва интиқоли маводи нашъадор сабт шудааст.

Иброз гардид, ки кормандони Вазорати корҳои дохилӣ фаъолияти шабонарӯзиро ба таъмини муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии зиддисӯхторӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ, ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ равона намудаанд.

Дар нишаст гуфта шуд, ки соли 2023 аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 11 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 55 нафар барои содир намудани 43 ҷиноят ошкор шуд. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ 316 силоҳи оташфишон ошкор ва мусодира гардид.

Агарчӣ нисбат ба соли 2022 шумораи ҷиноятҳои содиршуда аз тарафи ноболиғон ва ҷавонон камтар шуда бошад ҳам, мутаассифона, чунин ҳолатҳо ҳоло ҳам ба назар мерасанд. Соли 2023 аз тарафи ноболиғон содиршавии 555 ҷиноят ва аз тарафи ҷавонон 3020 ҷиноят сабт шудааст.

Бинобар риоя нагардидани қойидаҳои ҳаракати роҳ дар ҳудуди мамлакат 1 ҳазору 111 садамаи нақлиётӣ ба амал омада, 519 нафар ба ҳалокат расида, 1 ҳазору 179 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтаанд.

Ҳамчунин соли 2023  1 ҳазору 236 ҳодисаи сӯхтор рӯй дода, 23 шаҳрванд фавтидаанд. Маблағи зарар аз сӯхтор 47 миллиону 861 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»  

АКС: АМИТ «Ховар»  

Февраль 15, 2024 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Котиби Шурои амният Юсуф Раҳмон бо Вазири давлатии Вазорати мудофиаи Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Вернон Коаке мулоқот намуд
Ҷаласаи Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ: «Барои пешгирии оқибатҳои сел селроҳаҳо ва роҳҳои обгузарро пешакӣ тоза намоед»
ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд