Зайнулло Шарифзода президенти нави дастаи футболи «Вахш»-и Бохтар гардид

Февраль 26, 2024 17:14

ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 феврал дар шаҳри Бохтар ҷаласаи васеи бошгоҳи футболи «Вахш» баргузор шуд, ки дар он роҳбарияти нави чемпиони секаратаи Тоҷикистон оид ба футбол муаррифӣ шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Зайнулло Шарифзода президенти нави дастаи «Вахш» гардид. Мутахассиси маъруф Муҳсин Муҳаммадиев ба ҷойи Исроил Шарифов, ки давоми 30 сол дар ин бошгоҳ кор намуд, директори дастаи «Вахш» таъйин шуд.

Ба Исроил Шарифов аз номи Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар барои корҳои анҷомдода Сипоснома тақдим гардид.

Роҳбарияти нави «Вахш» дар назди даста вазифа гузошт, ки ба Лигаи олии чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол баргардад ва анъанаҳои бошгоҳ – барои ҷоизаҳо мубориза бурдан ва бозигаронро барои дастаи мунтахаби Тоҷикистон омода намуданро идома диҳад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Февраль 26, 2024 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид
Иштирокдорони Бозиҳои 20-уми Осиёӣ—2026-ро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дӯстона бар тими миллии Чин пирӯз шуд
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Чин бозии дӯстона анҷом медиҳад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон (U-17) бо тими Урдун мусовӣ бозӣ кард
Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд