100-СОЛАГИИ АКАДЕМИК АҲРОР МУХТОРОВ. Соли 1994 ин таърихшиноси маъруфи тоҷик ба нашрияи байналмилалии «500 шахсияти машҳури ҷаҳон» ворид гардид

Март 3, 2024 09:18

ДУШАНБЕ, 03.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, Фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024», ки бо Амри Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ гардидааст, моҳи ноябри соли равон дар Тоҷикистон 100-солагии таърихшиноси маъруфи тоҷик, академик Аҳрор Мухторов таҷлил мегардад. АМИТ «Ховар» оид ба ҳаёт ва эҷодиёти Аҳрор Мухторов маълумоти мухтасар пешниҳод менамояд.

Соли 1994 Институти библиографии Амрико олими барҷастаи тоҷикро ба нашрияи байналмилалии «500 шахсияти машҳури ҷаҳон» ворид сохт. Ин институт ӯро «Одами сол-1995» эълон намуд. Асарҳои илмии академик Аҳрор Мухторов дар нашрияӽои мамлакатҳои ҷаҳон – ИМА, Англия, Олмон, Русия, Италия, Эстония, Чехия, Исроил, Афғонистон, Эрон, Покистон, Ҳиндустон ва ғайраҳо ба табъ расида, шуҳрати илми таърихи миллатро бардоштанд. Ҳанӯз соли 1980 Ассотсиатсияи илми байналхалқӣ «Корпуси навиштаҷоти эронзабон» (марказаш дар шаҳри Лондон) ӯро ба узвияти ин ҷамъият шомил намуд.

Олим, академики Академияи илмҳои миллии Тоҷикистон Аҳрор Мухторов 5 ноябри соли 1924 дар шаҳри Ӯротеппа (ҳозира Истаравшан) ба дунё омадааст. Самтҳои асосии фаъолияти илмии мавсуф сарчашмашиносӣ ва дар асоси он таҳқиқи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон аст.

Аҳрор Мухторов дар илми таърихи Тоҷикистон аввалин нафаре аст, ки дар мавзуи ниҳоят муҳим — омӯзиши катибаҳо кор бурда, роҳи эҷодиаш ба ин масъалаи ноомӯхта тавъам шудааст.

Ба қавли устодаш академик Александр Семёнов, «ганҷи парешонро аз вайронаҳо ба дили халқ кӯчонд». Олим бисёр васиқа, хитоба, шоҳиднома, айбнома, ҳукмнома ва ғайра пайдо намуд, ки барои омӯзиш, таҳқиқ ва таҳлилу кушодани муаммоҳои таърихи халқамон мадад расониданд.

Аҳрор Мухторов бисёр дастхатҳо, санадҳои ҳуқуқии асримиёнагӣ, эпиграфи дар рӯи сангҳо ва деворҳои куҳан маҳфузро омӯхта, дар асоси онӽо ба ҳалли бисёр масъалаҳои таърихи сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии замон муваффақ гардид.

Академик ба мушкилоти таърихи сиёсии замони гузашта ҷиддан таваҷҷуҳ намуд ва бар пояи маълумоти нодири хаттӣ давраҳои ҳукмронии бисёр ҳокимони минтақаро барқарор ва ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва маданиро дар ғарб аз Бойсун ва дар ҷануб то Файзобод мавриди омӯзиш қарор дода, ба паҳлуҳои номаълуми шӯришҳои халқӣ (соли 1469 дар Самарқанд, соли 1810 дар Бухоро, соли 1887 шӯриши Восеъ) бо мадраки фаровон равшанӣ андохт. Асарҳои илмиаш перомуни шаҳрҳои Ҳирот, Қандаҳор, Ғазна, Кобул навишта шудаанд.

Академик Аҳрор Мухторов дар синни 83-солагӣ даргузашт.

Намунаи осори ӯ «Академик Бободжон Гафуров» (нашриёти «Ирфон», 1983), «Дурдонаҳои маданияти тоҷикон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон» («Ирфон», 1984), «Луғати тоҷикӣ-русӣ оид ба таърих» («Дониш», 1986), «Санг ҳам диле дорад» («Ирфон», 1986), «Академик Бобоҷон Ғафуров» («Ирфон», 1988) «Таърихи халқи тоҷик: Китоби дарсӣ барои синфҳои 8-9 /Б.А.Литвинский, А.Мухторов («Маориф», 1993), «Амирон ва вазирони Сомонӣ» (нашриёти «Оли Сомон», 1997), «Таърихи халқи тоҷик асрҳои ХV- ХIХ: Китоби дарсӣ барои синфи 8» (Алмаато: Атамура, 2000) ва дигарон мебошанд.

Таърихшиноси варзида Аҳрор Мухторов бо ҷоизаҳои гуногун, ба монанди ордени «Шараф», медалҳои «Барои шуҷоат», «Барои озодкунии Прага», «Барои меҳнати шоён», Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино (2007), Ҷоизаи Институти библиографии Амрико «Одами сол-1995» қадрдонӣ шудааст.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 3, 2024 09:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия вохӯрӣ баргузор гардид
Имсол зиёда аз 120 ҳазор нафар дар осорхонаҳои ҷумҳурӣ бо мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик шинос шуданд
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон нахустин маротиба Фестивали либосҳои миллиро баргузор менамояд
Шоҳрух Юнусов аз Тоҷикистон дар консерти ҷамъбастии солистони Академияи байналмилалии операи назди Театри «Остона Опера» ҳунарнамоӣ кард
Дар Москва бахшида ба бузургдошти мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ Ибни Сино ҳамоиш доир мешавад
Дар Душанбе маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло баргузор шуд
Теъдоди довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» сол то сол меафзояд
Дар Тоҷикистон 66 Қасри фарҳанг барои баргузории барномаҳои фарҳангию фароғатӣ фаъолият дорад
«Телевизиони Сафина» соли 2024 силсилабарномаҳои «Достон» ва «Шоҳномахонӣ»-ро пешниҳоди бинандагон мегардонад
Кумитаи телевизион ва радио: «Имсол аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ 163 суруду оҳанг сабт гардид»
Корҳои сохтмонӣ дар бинои истиқоматӣ барои кормандони Кумитаи телевизион ва радио оғоз шудааст