ҶАҲОН АЗ БОДИ НАВРӮЗӢ ҶАВОН ШУД. Наврӯз баёнгари таърихи пурғановати тоҷикон аз аҳди бостон то ба имрӯз аст

Март 22, 2024 10:40

ДУШАНБЕ, 22.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Наврӯз ва ҳувияти таърихии миллати мо пайванди ногусастание дар дарозои таърих вуҷуд дорад, ки то ба имрӯз ба саломат расидааст. Наврӯз- ин гувоҳномаи миллати мо ва баёнгари таърихи пурғановати он аз аҳди бостон то ба имрӯз аст. Наврӯз аз ангуштшумортарин устураи миллати мо аст, ки баъди гузашти садаҳо ҳанӯз ҳам ин бориқаи умедро ҳамасола миллионҳо ҳамватан ва ҳамзабони мо дар Ҳурмуздрӯзи Фарфардинмоҳ интизор мешаванд.

Дар тақвими ориёиҳо Наврӯз- ин таҷлили офариниш ва зиндагӣ аст. Бо Наврӯз инсон аз фасли карахтӣ ва сармо ба сӯи баҳор ва ба пешвози ҳаёту зиндагӣ қадам мезанад. Ба бовари ориёиҳо, Офаридагор коинотро дар шаш марҳила: дар марҳилаи аввал – осмон, марҳилаи дувум – об, марҳилаи севум – Замин, марҳилаи чаҳорум – гиёҳҳо, марҳилаи панҷум – ҷонварон ва марҳилаи шашум – инсонро офарид. Устураҳо бар инанд, ки хилқати инсон баробар бо Наврӯз буд.

Наврӯз аз решаи паҳлавии «нок роч» ё «нок роз» «nok roc» гирифта шуда, ба мафҳуми «рӯзи нав» тавзеҳ шудааст. Зеро «нок» дар забони паҳлавӣ ба маънии «тоза» ва «зидди кӯҳна» буда, «роз» ё «роч» ба маънии «вақт ва замон аз тулуъ то ғуруби Офтоб» мебошад, ки ин муддат ҳаво равшан аст. Пас «наврӯз» ба мафҳуми рӯзи нав, рӯзи аввали Фарвардин, нахустин моҳи соли хуршедӣ аст, ки бузургтарин ҷашни миллии ориёиҳои куҳан маҳсуб мегардид.

Ба иттифоқи назари аксари муаррихони садаҳои миёна, бунёдгузори ҷашни Наврӯз Ҷамшеди Пешдодӣ буд. Муаллифи номаълуми «Муҷмалу-т-таворих ва-л-қисас», ки дар садаи XI зиндагӣ кардааст, андар маърифати вожаи «ҷамшед» чунин менависад: «Ҷамшед номи ӯ Ҷам буд, аммо он некуӣ ва рӯшноие, ки аз вай тофтӣ, Ҷамшед гуфтандаш ва «шед» равшанӣ бошад, чунон-к офтобро «хур» гӯянд ва «хуршед», яъне «офтоби равшан».

Муҳаммад Ҳусайн ибни Халафи Табрезӣ, маъруф бо тахаллуси Бурҳон дар вожаномааш «Бурҳони қотеъ», ки соли 1030 ҳ.қ./ 1620-21 дар Ҳайдарободи Ҳиндустон ба номи султон Абдуллоҳи Қутбшоҳ навиштааст, роҷеъ ба Ҷамшед мегӯяд: «Вай дар аввал Ҷам ном дошт, яъне султон ва подшоҳи бузург ва сабаби Ҷамшед гуфтан он шуд, ки сайри олам мекард, чун ба Озарбойҷон расид, рӯзе буд, ки Офтоб ба нуқтаи аввали Ҳамал омада буд, фармуд, ки тахти мурассаъеро дар ҷойи баланде гузоштанд ва тоҷи мурассаъ бар сар ниҳод, бар он тахт нишаст. Чун Офтоб тулуъ кард, шуоъ ва партави Офтоб бар он тоҷу тахт афтод, шуое дар ғоиби равшанӣ падид омад ва чун ба забони паҳлавӣ шуоъро «шед» мегӯянд, ин лафзро бар «ҷам» афзуданд ва Ҷамшед гуфтанд, яъне «подшоҳи равшан» ва он рӯз ҷашни азим карданд ва он рӯзро Наврӯз ном ниҳоданд».

Муҳаммад Ҷарири Табарӣ (таваллуд на зудтар аз соли 838, вафот соли 923) таърихнигори маъруф ва Абулқосим Фирдавсӣ (935-1020) шоири ҳамосасаройи бузурги ҳама замонҳо дар устураи Наврӯз оғози ин ҷашнро ба маъруфтарин подшоҳи Пешдодӣ Ҷамшед нисбат додаанд.

Таърихнигор, ҷуғрофиёдон ва сайёҳи араб Абулҳасан Алӣ ибни Хусейни Масъудӣ (896-956) дар рисолааш «Муруҷ-у-з-заҳаб» низ аз Ҷамшед чун бунёдгузори ҷашни Наврӯз ёд мекунад: «Бисёре аз касон бар ин рафтаанд, ки Наврӯз ба тартибе, ки баъдҳо дар ин китоб биоварем, ба рӯзгор ӯ (Ҷамшед) падид омад ва ба даврони подшоҳии ӯ расм шуд».

Мутафаккири барҷастаи асримиёнаи тоҷику форс, муаллифи осори муҳиме дар заминаи таърих, ҷуғрофиё, забоншиносӣ, нуҷум, риёзиёт, механика, геодезия, коншиносӣ, давошиносӣ, заминшиносӣ Абурайҳон Берунӣ (973-1048), ки тақрибан бар тамоми улуми замони худ тасаллут дошт, дар рисолааш «Осору-л-боқия» дар фасли «Дар бораи иду ҷашнҳое, ки дар моҳҳои порсиён аст», менависад: «Ва чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд».

Ҳаким Умри Хайёми Нишопурӣ (1048-1131) — шоир, риёзидон ва мунаҷҷими бузург, ки дар замони султон Маликшоҳи Салҷуқӣ (1072-1092) бо кумаки чанд тан аз донишмандон тақвими Ҷалолиро бо дақиқтарин қавоиди нуҷумӣ муайян намуд, дар рисолааш «Наврӯзнома» менависад: «Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки офтобро ду давр буд: яке он гаҳ ҳар сесаду шасту панҷ рӯз ва рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи Ҳамал боз ояд. (Лек) ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан, чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашну ойин овард ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».

Наврӯз ҳамин гуна дар дарозои таърих ба бахши ҷудонопазире аз суннатҳои мақбули ориёиҳо табдил ёфта, давоми садаҳо ва ҳазораҳо бо ҷилваҳое аз анъанаҳои мардум худро ороста, мероси бузурги фарҳангии мардум маҳсуб шуда, бар хилофи дигар ҷашнҳо аз ёдҳо нарафта ва ҳар аҳд ба он бузургию зебоии дигар бахшидааст.

Наврӯз ин ҳалқаи пайванди табиат бо ҷаҳони иҳотанамудаи он буд. Пас фалсафаи вуҷуди Наврӯз аз пайванди инсон бо табиат маншаъ мегирад, зеро Наврӯз бо нав шудан, тоза шудан ва эҳёи табиат ҳамсон аст. Бо поён ёфтани замистону аз муҳит рафтани сармо ва фарорасии баҳор ба руҳи инсон тозагӣ ва ҷунбиши нав медамад, зангорҳои кӯҳнаро ӯ аз равону андешааш дур мекунад, дилҳоро аз кудурат пок месозад ва бо ҳаракати намодини «хонатаконӣ» бо табиат ҳамраъй мешавад .

Аз суннатҳои мақбули Наврӯз, ки аз рӯзи пайдоишаш дар замону макон устувор боқӣ мондаанд ин буд, ки дар субҳи рӯзи аввали Фарвардинмоҳ мардум ба якдигар об мепошиданд, зеро об нишоне аз тароват ва хуррамӣ буд ва шакарро ба аломати ширинии зиндагӣ ба якдигар ҳадя медоданд, то дар дарозои сол аз зиндагӣ комгор бошанд. Дар шаби Наврӯз ба умеди гармо, равнақи зиндагӣ ва рӯшноӣ оташ меафрӯхтанд.

Дар муборакӣ ва фархундагии Наврӯз навиштаанд, ки агар ҳар кас пеш аз он ки дар бомдоди Наврӯз сухан бигӯяд, асал ва шикар бичашад, шамъ равшан кунад ва бо равғани зайтун бадани худро чарб кунад, ҳама сол аз тамоми офатҳо дар канор хоҳад монд.

На танҳо таърихнигорон дар дарозои таърих аз устураи Наврӯз сухан гуфтаанд, инчунин шоирони номвари мо дар гузаштаҳои дур васфи ин лаҳзаи нахустин рӯзи хилқати ҷаҳон, рӯзи аҳуроӣ, рӯзи афсонаи зебои зиндагӣ — Наврӯзро намудаанд.

Аттори Нишопурӣ дар тараннуми Наврӯз мегӯяд:

Ҷаҳон аз боди наврӯзӣ ҷавон шуд,
Зиҳӣ зебо, ки ин соат ҷаҳон шуд.
Шамоли субҳдам мушкиннафас гашт,
Сабое гармрӯ анбарфишон шуд.
Ту гӯйӣ оби Хизру оби Кавсар,
Зи ҳар сӯи чаман ҷӯйе равон шуд.
Чу гул дар маҳд омад булбули маст,
Ба пеши маҳди гул наъразанон шуд.
Куҷоӣ, соқиё, дардеҳ шаробе,
Ки умрам рафту дил хун гашту ҷон шуд.
Қафас бишкан, к-аз ин доми гулугир,
Агар хоҳӣ шудан, акнун тавон шуд…

Ҳамза КАМОЛ,
доктори илмҳои таърих,
профессор

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 22, 2024 10:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ такондиҳандаи рушди фарҳанги миллӣ мебошад
Дар Душанбе доир ба мусиқии Шашмақом барномаи фарҳангӣ доир шуд
Мақоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ боло меравад
Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ роҳнамои таъмини амнияти миллӣ мебошад
ТАРБИЯИ ШАХСИЯТИ ИННОВАТОР – ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Бардошт аз Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли мунтазами чормағз организмро ҷавон ва таъсири афсурдаҳолиро рафъ месозад
Барои мо Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир хусусияти роҳнамоӣ дорад
ПАЁМИ МИЛЛАТИ ПОКСИРИШТ! Бардошти Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ
Сиёсати хориҷии давлат – самти муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Академияи миллии илмҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ бузург мебошад
ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН. Бобоҷон Ғафуров дар асоси садҳо далели холисонаи илмӣ миллати қадимӣ, фарҳангӣ ва тамаддунофар будани тоҷиконро исбот намуд