Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи «ITB BERLIN – 2024» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори муассиса Убайдулло Асрорзода дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin – 2024», ки бо ҳузури намояндагони воломақоми Олмон, мамлакатҳои хориҷӣ ва Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили доир гардид, иштирок намуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайëҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳайати донишгоҳ дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади амалӣ намудани ҳамкорӣ ва бастани созишномаҳои дуҷониба бо муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар ин намоишгоҳ иштирок намуд.
Дар доираи ин чорабинӣ ҳайат бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Имомудин Сатторов мулоқот намуд. Дар мулоқот самтҳои асосии ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Олмон дар доираи иҷрои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Стратегияи рушди сайëҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» вобаста ба омодасозии кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла дар зинаи касбҳои коргарӣ баррасӣ шуданд.
Дар натиҷа барномаи вохӯриҳо ва самтҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Олмон ҳамоҳанг гардида, баргузории мулоқотҳо тибқи барнома ба нақша гирифта шуд.
Ҳамзамон зимни вохӯрии ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо Дабири кулли Созмони чаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили густариши ҳамкории донишгоҳ бо барномаҳои Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ баррасӣ шуд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон










ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
Президенти Тоҷикистон: «Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мардуми меҳмоннавоз ва имконоти васеи сайёҳӣ маҳбубияти зиёд дорад»
МАНЗАРАҲОИ ҶОЛИБИ ТОҶИКИСТОН — САРВАТИ БУЗУРГИ САЙЁҲӢ. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ
27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд
РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Хостел ва мотел аз ҳамдигар чӣ фарқ доранд?
Дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026 зиёда аз 115 ширкату ташкилот иштирок доранд
Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе-2026 оғоз гардид
ҲАМГИРОИИ ШАҲРҲО ДАР ТАТБИҚИ ИМКОНОТИ САЙЁҲИИ УСТУВОР. Дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир гардид
Ҷаласаи Шуро оид ба сайёҳии давлатҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар Душанбе форум ва намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Кумитаи рушди сайёҳӣ барои рушди соҳа ва тарғиби имконоти сайёҳии Тоҷикистон озмун эълон намуд
САЙЁҲИИ РАҚАМӢ. Дар Душанбе лоиҳаи замимаи мобилии «Ватан» муаррифӣ гардид






