Ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи телевизион ва радио рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 06.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи телевизион ва радио хабар доданд.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар соҳаи телевизион ва радио баррасӣ гардид.
Таъкид шуд, ки имрӯз муносибатҳои ҳасанаи ҳар ду ҷониб заминаву имконоти васеи рушду равнақи ҳамкории соҳавиро ба вуҷуд овардааст.
Иброз гардид, ки ҷонибҳо метавонанд дар самти омӯзишу табодули таҷриба, такмили ихтисоси кормандон, баргузории семинару конфронсҳои соҳавӣ, тайёр намудани мутахассисони эҷодию техникӣ ҳамкории самарабахш намоянд.
Сафири Эрон омодагии кишварашро дар густариши ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радио таъйид намуда, изҳор дошт, ки баҳри татбиқи ин ҳадафҳо талош менамояд.
Ёдовар мешавем, ки 8 ноябри соли 2023 дар доираи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ба Тоҷикистон дар баробари дигар санадҳои муҳим дар соҳаҳои мухталиф Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расид, ки он барои тавсеаи ҳамкорӣ имконияти фарохро фароҳам овардааст.
Ҷонибҳо омодагии амиқи худро ҷиҳати рушди ҳамкорӣ дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ, татбиқи бандҳои Ёддошти тафоҳуми баимзорасида баён доштанд.
АКС: Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи тандурустӣ густариш меёбад






