АРҶГУЗОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА МОДАР. Беҳтарин туҳфа барои Модар хушбахтию саломатии фарзанд ва меҳрубонию навозиши ӯ мебошад
ДУШАНБЕ, 08.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷуз аз тарҳрезии барномаҳои сиёсати дохиливу хориҷии ҷумҳурӣ, ҳалли масъалаҳои тараққиёти иқтисодӣ, илмиву фарҳангии ҷумҳурӣ, пазироӣ ва мулоқот бо сиёсатмадорон ва роҳбарони воломақоми сатҳи ҷаҳонӣ, сафарҳои хизматӣ дар минтақаҳои дохили мамлакат ва хориҷа, баргузор ва иштирок намудан дар ҳамоиш, конфронс ва форумҳои байналмиллалӣ бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа, зиёиён, роҳбарони соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёту алоқа, хоҷагии кишоварзӣ, ходимони корҳои дохилӣ ва низомиён, омӯзгорон, ҷавонону занон, собиқадорони ҷангу меҳнат ва амсоли онҳо низ мулоқот намуда, масъалаҳои умдатаринро пайваста баҳри фароҳам овардани шароити зиндагии арзандаи иҷтимоӣ ва расидан ба ҳадафҳои муҳими давлатдорӣ баррасӣ менамоянд.
Ҳар сафар ва мулоқоти Пешвои муаззами миллат дар ҳалли масоили ҳалталаб, дар ҳақиқат такони ҷиддӣ мешавад ва дар хотирҳо нақши носутуданӣ мегузорад.
Шоистаи саодатмандии хеш меҳисобам, ки давоми фаъолияти чандинсола бо тақозои касбу вазифа ман низ иштирокчии чанде аз мулоқоту суҳбатҳо бо Пешвои муаззами миллат, ин шахсияти абарқудрат, сулҳофару сулҳпарвар, ватанхоҳу миллатдӯст ҳастам.
Суханрониҳои пурмазмун, бофасоҳату босалосат, гарму самимона ва саршори муҳаббаташонро борҳо рӯ ба рӯ шунидаву барои худ бардоштҳои судманде ҳосил намудаам. Бо чашмони худ дидаву бо ақли худ эҳсос намудаам, ки Президенти мо, воқеъан, мардумӣ ҳастанд ва байни халқ маҳбубият ва маъруфияти хосса доранд.
Дарди мардумро хуб медонанд ва дар суханрониҳои пур аз панду ҳикмат ва дилсӯзонаашон аз муҳаббат ба Ватан, Модар, забон, ахлоқу одоб, илму донишу ҳунаромӯзӣ, инсофу одамгарӣ, накӯкориву хайрандешӣ, покниятӣ ҳарф мезананд, ки дар мағз — мағзи ҷони шунаванда таъсир мегузорад.
Хусусан суханрониҳои Президенти мамлакат зимни мулоқоташон бо занони мамлакат бахшида Рӯзи Модар диду назар, муҳаббату садоқат, самимияту масъулияти шунавандаро дучанд намуда, эҳсоси фараҳбахши Модар доштану модар будан ва рисолати модардориву модариро бедор месозад.
Тавре баён дошта буданд: «Модар сароғози ҳастии башар, офаранда ва идомабахши ҳаёти инсоният мебошад. Замири ӯ аз меҳру муҳаббат ва лутфу меҳрубонӣ сиришта шудааст, ки ин хислатҳои наҷиб Модарро мавҷуди бузургу муқаддаси тамоми давру замонҳо гардондаанд».
«Модар чунон дили пур аз меҳр дорад, ки дар бисёр ҳолатҳо бо хислати хоси меҳрубониву бахшояндагии худаш аз гуноҳи фарзанд мегузарад ва ӯро мебахшад».
«Сухане, ки Модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад».
«Барои Падару Модар авлотарин давлат фарзанди солиму солеҳ ва хушбахт аст ва барои фарзанд низ Падару Модар доштан беҳтарин сарват мебошад».
«Беҳтарин туҳфа барои Модар на гулу гулдаста, на молу сарвати дунё, балки хушбахтиву саломатии фарзанд ва як меҳрубониву навозиши ӯ мебошад».
«Модар яке аз бузургтарин муъҷизаи Худованд дар рӯйи Замин аст. То ҳол калимоте ва ё сухане, ки битавонад мақому манзалати ӯро, ки шоистаи ситоишаш бошад, ёфт нашудааст».
«Аввалин мактаби фарзанд, поягузори илму фаҳмишу дониш- ин мактаби домони Модар аст. Мактаби Модар бузургтарин мактаб аст. Модар ягона давомдиҳандаи насли инсон дар рӯйи Замин маҳсуб меёбад».
«Рӯйи Модар ҳамеша ҷониби фарзандон аст. Вай барои наҷоти фарзанд худро ба обу оташ мепартояд. Агар ба пойи фарзанд хоре халад, гӯё ба чашми Модар халида бошад».
«Ҳар фарзанде, ки дуои Падару Модари хеш мегирад, вай дар рӯзгори худ файзу баракати зиёд мебинад. Ман аз Падари худ хеле миннатдор ҳастам, вале ба ҳар мақому мартабае, ки расида бошам, аз хизмати беназири Модарам мебошад. Зеро, вақте ки мактабро хатм кардам, падарам бо назардошти вазъи оилавӣ чандон ба идомаи таҳсилам дар мактаби олӣ майл накарданд, вале модарам боисрор падарамро розӣ кунониданд. Гуфтанд: «Ҳама кори рӯзгорро худам саришта мекунам, ҳезумро ҳам худам мекашонам, ба чорво ҳам худам нигоҳубин мекунам, танҳо иҷозат диҳед, то Эмомалии мо хонад… Ана, ҳамин исрори модарам буд, ки ман ба хондан рафтам. Албатта, дар ин роҳ мушкилиҳои зиёдеро паси сар намудам, вале дуои Модар маро ҳамеша дастгиру мададгор буд… ».
Бале, Модар доштан давлати бузург аст, тифли маъсуму кӯчак маънии зиндагиро аз чашмони Модар, раҳму шафқат, самимияту изҳори лутфро аз дили бузурги Модар, некиву накӯкорӣ, рафтори шоистаи инсониро аз нигоҳи пурмаънои Модар, хастагинопазириву заҳматписандиро аз қомати хамгаштаи Модар, садоқатмандиро аз садоқати Модар, забони нобу ширини тоҷикиро аз аллаву насиҳату дуои неки Модар меомӯзад. Нафаси нахусти ҳаётро дар оғӯши гарму қувваи фавқулода тавонои Модар оғоз менамояд ва дар паноҳи ҳумоюниаш ба камол мерасад. Фатвои неки ифтитоҳи худро аз Модар медонад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибон ва арҷгузори доимии забону фарҳанги миллиамон мебошанд. Борҳо таъкид месозанд, ки забони тоҷикӣ дар гирудорҳои шадид, тохтутозҳои бераҳмонаи аҷнабиёни истилогар на танҳо ҳастӣ ва покии худро нигоҳ дошта тавонист, балки ғосибонро маҷбур намудааст, ки онро ҳамчун забони дафтар ва давлатдории хеш қабул намоянд. Дар воқеъ, забони тоҷикӣ волотарин меросе аст, ки аз ҳазорсолаҳои дур чун гавҳари пок то давлати соҳибистиқлоли мо омада расидааст. Президенти Тоҷикистон бо эҳтиром ва каломи пурмеҳр мегӯянд: «Модар нахустин ва беҳтарин устоди фарзанд дар зиндагӣ аст, ки бо аллаҳои ҷонбахшу гӯшнавозаш, бо шири покаш забонро мағз андар мағз, бар ҷону ҷавҳари тифлаш ҷой медиҳад, меҳру муҳаббату самимияту одамиятро маҳз Модар ба фарзанд меомӯзонад. Аз овони тифлӣ то давраи камолот Модар дар ҳаёти фарзанд мақом ва ҷойгоҳи арзанда дорад. Забон, ки давоми мавҷудияти хеш рушд ёфта, зина ба зина пеш меравад, ба шарофати фарҳанг ва хиради зотии Зан-Модар ҳифз мегардад ва ба наслҳои ояндаи миллат чун ганҷинаи бебаҳо интиқол меёбад».
Пешвои миллати мо чун фарзанди Модари тоҷик ҳар гоҳ аз минбарҳои баланд ва бонуфузи байналмилалӣ ва чорабинию вохӯриҳои давлатӣ бо лаҳни зебо ва гуворои тоҷикӣ ҳарф мезананд, ки аз ин ифтихору сарбаландиамонро ҳар яки мо, соҳибзабонон, бештару хубтар эҳсос мекунем. Сарвари давлат борҳо таъкид менамоянд: «Ман ба ин забони шевои шоирона сидқан арҷ мегузорам, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ бо ин забон аз минбарҳои баланд сухан мегӯям, аз лаҳни шаккарину дилнишинаш лаззати маънавӣ мебарам ва ҳастиамро бо ҳастии забонам пайванд дониста, ин гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтобро пайваста тарғиб ва ситоиш менамоям. Ба ин хотир, доир ба таърихи ташаккули забони тоҷикӣ мақолаву асарҳо таълиф менамоям, дар ҳар суханрониям бузургию тавоноии онро таъкид месозам ва барои ҳифзу ҳимояаш талош менамоям».
Ин талошҳои Пешвои муаззами миллат аст, ки ҳамасола дар баробари устодону омӯзгорон волидайни ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон- Ватани азизи ман», ки бештари онҳо модарон ҳастанд, ба хотири саҳми муносибашон дар тарбия, таълим ва ташаккули фарзандон, бахусус дар омӯзиши ташаккули забони тоҷикӣ ба василаи мутолиа ва ҳифзи осори насриву назмии пурғановати миллати тоҷик қадршиносӣ мегардад.
«Аз иштироки занон дар иҷтимоъ, — иброз намуданд Президент дар яке аз мулоқотҳо бо занони ҷумҳурӣ,- ба тамаддуни ин ё он миллат баҳо дода мешавад. Бинобар ин, ҷалб намудани занҳо ба корҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумат ва бахусус Президент хеле муҳим аст». Бояд гуфт, ки маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Сарвари давлат имрӯз мақому манзалати Зан-Модари тоҷик хеле назаррас гардидааст. Пешвои миллат барои беҳтар гардонидани шароити зисту зиндагӣ ва фаъолияти онҳо дар тамоми самтҳо пайваста талош меварзанд. Соли 1999 ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ҳамчун санади тақдирсоз дар таърихи давлатдории навини тоҷикон сабт гашт. Илова бар ин, то имрӯз барои дастгирии занону бонувони тоҷик зиёда аз 60 санади муҳими меъёрии ҳуқуқӣ ва дигар барномаҳои давлатӣ ба тасвиб расидаанд.
Натиҷаи чунин ғамхориву дастгириҳои Пешвои муаззами миллат аст, ки ҳоло Тоҷикистон бино ба эътирофи коршиносон аз лиҳози шумораи намояндагони бонувон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2023 бори дигар таъкид намуданд, ки нақши занон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ намудани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст ва Ҳукумати мамлакат минбаъд низ барои бонувону занон шароити муносиби фаъолиятро фароҳам меорад.
Хусусан таъкиди Президенти маҳбуби мамлакат зимни пешниҳоди Паём бобати бузургиву беназириву бебаҳои Модар дар ҳаёти инсон вуҷуди мардуми шарифи тоҷикро ба ларза овардааст.
Маслиҳати дӯстонаву бародаронаашон дар бораи ба ҷо овардани ҳурмати падару модар, гирифтани дуои неки эшон пайваста изҳор намудани ғамхориву меҳрубонӣ дар шароити имрӯза тақозои давру замон буда, рисолати азалии ҳар фарзанд мебошад.
Вақте Пешвои муаззами миллат дар бораи дасти Модар, ожангҳои Модар, сарулибоси Модар, чеҳраи зебои Модар, нигоҳи пуртамкини Модар, меҳрубониҳои Модар, навозиши нотакрору ноёфти Модар, дуои таманнои пайвастаи роҳи сафедхоҳии Модарро ёдрас гардиданд, вуҷуду эҳсосу дили ҳар шунавандаро хумори Модар, муҳаббати Модар, овози форами Модар, оғуши гарму самимии Модар, бӯи Модар фаро гирифт.
Чӣ лаҳзаву эҳсосе буд, орому ширин ва гуворо ва шунидани ин суханҳои пурҳикмат аз лаҳни Пешвои муаззами миллат, фарзанди сазовору қаҳрамони халқи тоҷик- мактаби бузурги омӯзиш барои насли ҷавон аст.
Бо шарофати дастгирии пайвастаи Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз зани тоҷик хизматчии давлатӣ, роҳбари кордон, генерал, сафири фавқулода, донишманд, табиби ҳозиқ, соҳибкори муваффақ ва тарбиятгару омӯзгори меҳрубон аст.
Муҳимтар аз ҳама он аст, ки Сарвари давлат ҳамеша таъкид месозанд, ки «ман аз оғози фаъолиятам занону модаронро ҳамчун пуштибони худ эҳсос мекунам ва ба нерую қувваи тавоно, созанда ва хастагинопазири онҳо эътимоди бузург дорам. Ҳар он ҷое, ки зан ҳаст, он ҷо ободӣ ҳаст, пешравӣ ҳаст, тартибу низом ҳаст…». Пешвои миллат ба шарофати ҳамин сиёсати арҷгузорӣ ба Зан-Модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Рӯзи занонро Рӯзи Модар номгузорӣ намудаанд ва ин ид, ба гуфти Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, ин рӯзро шоиставу муқаддас мегардонад, зеро марбут ба номи муқаддаси Модар аст.
«Халқи тоҷик давоми таърих бисёр нобиғаҳоро ба воя расонидааст, ки ифтихори тамоми инсоният мебошанд. Мо умед дорем, ки Модари тоҷик дар қарну ҳазораи нав низ чунин шахсиятҳоро ба дунё оварда, ба воя мерасонад, ки ба мисли Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Хайём, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар фарзандони родмарди тоҷик номбардори миллати куҳанбунёдамон гардида, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург мегузоранд», — иброз намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба ифтихори Рӯзи Модар.
«Маърифати зан ба фарзандонаш таъсири амиқ мерасонад, агар Зан-Модар китобхон, боиффат, бомаърифат ва донишманд бошад, фарзандон низ майл ба донишу маърифат карда, хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ мекунанд».
Сарвари давлат дар суханрониҳояшон дар масъалаи тарбияи фарзанд дар оила низ бисёр андешаҳои ҷолиб ва пурарзишро ба забон меоранд, ки ин ҷо овардани ҳамин нуктаро ҷоиз медонем: «Фарзандон бояд чунон тарбияву таълим дода шаванд, ки онҳо ҳар як ангезаи таъсиррасони иҷтимоиро таҳлилу таркиб ва муқоиса намуда, оқибатҳои нангини онро пешбинӣ карда тавонанд, дурбин ва некбин шаванд, вагарна гумроҳ мешаванду бенасиб аз волидайн, фарзандон ва билохира аз Ватани азизашон мегарданд. Аз ин хотир, фарзандонро бояд чунин тарбия намуд, ки на танҳо шарафи хонаводаи худ, балки ғами шарафи миллату ватанашонро низ хӯранд. Фарзандонро тавре тарбия намоем, ки оқибат боиси рехтани сиришки ғам аз дидагонамон нашаванд».
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вақте, хоҳ бо ҷавонон, хоҳ бо занон ва ё бо дигар қисмҳову қишрҳои ҷомеа суҳбат меороянд, албатта, оид ба беҳтарин анъанаҳои мардумӣ: эҳтиром ва қадршиносии калонсолон, падару модар, меҳмондӯстӣ, хушмуомилагӣ, хоксорӣ, поквиҷдонӣ, доништалабӣ, илму ҳунаромӯзӣ, муҳаббат ба халқу ватани хеш, дӯстӣ ҳарфҳои волотар аз дурру ганҷу гуҳарро ба забон меоранд, ки дар ҳаҷми як мақола ғунҷонидани онҳо аз имкон берун аст. Вале наметавон як нуктаро иброз накард: Президенти мо дили меҳрпарвар, қалби пурэҳсон, дасти пурсахо, ҳиммати баланд доранд. Борҳо мушоҳида намудаем, чун ба мактабе, парваришгоҳе, хонаи кӯдакон мераванд, бо як ҷаҳон муҳаббат ва дардошнойӣ сари ятиму бенавоеро сила менамоянд, либос мепӯшонанд, ба навхонадорони бекасу ниёзманд ҳадяҳо тақдим менамоянд.
То танҳо буданашонро ҳис накунанд, донанд, ки дар паноҳи давлат ва Сарвари ғамхору меҳрубонашон қарор доранд. Вақте аз забони ширини кӯдакон нидои «бобоҷон» берун мешавад, баръало эҳсос мегардад, ки ин самимият ва ин муҳаббат то чӣ андоза софу беғубор, поку беолоиш ва беҳудуду беканор аст!… Мегӯянд, ки бузургии шахсият бештар дар фаъолияти корияш ҳувайдо мегардад. Воқеъан ҳам, Пешвои муаззами миллатамон бо рафтору ибтикори ҳамарӯза, суханони дилрас ва таъсирбахш ба дили ҳазорон ҳазор мардум роҳ ёфтаанд.
Роҳбари соҳибэҳтироме мебошанд, ки эҳтироми мардумро бо наҷобати баланди инсонӣ, ватандӯстии бемислу монанд ва садоқати тасаввурнопазир нисбат ба халқу миллаташон торафт афзун мегардонанд.
Дилноза АҲМАДЗОДА,
муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: АМИТ «Ховар»