Асарҳои пешниҳодшуда барои дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соли 2024 муайян гардиданд

Март 4, 2024 14:53

ДУШАНБЕ, 04.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Асарҳое, ки ба дарёфти Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар бахшҳои адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024 пешниҳодшудаанд, муайян гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар асоси низомномаҳои кумита ва ҷоиза, қарорҳои бахшҳо ва раёсати кумита асарҳои зерин ба озмуни дарёфти Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024 пешниҳод шудаанд:

Дар бахши адабиёт Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷмуаи шеърҳои Рустам Ваҳҳобзода «Қаламрави меҳр», Душанбе, нашриёти «Адиб», 2022-ро пешниҳод намудааст.

Дар бахши театр ва синамо Раёсати Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон гурӯҳи офарандагони филми ҳунарии «Роҳ»- коргардон Носир Саид, муаллифи сенария Сафар Ҳақдод, наворбардор Георгий Дзалаев, оҳангсоз Далер Назаров ва офарандагони нақшҳои асосӣ — Надежда Муҳаммадҷонова, Зулфия Қодирова, Мавлонбибӣ Наҷмиддинова ва Абдукарими Машрабро пешниҳод намудааст.

Дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ аз ҷониби Раёсати Иттифоқи композиторони Тоҷикистон «Луғатномаи тафсирии истилоҳоти мусиқӣ»-и Ҷӯрахон Обидпур (Нашриёти «Истеъдод», 2021) пешниҳод шудааст.

Дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ Раёсати Иттифоқи меъморони Тоҷикистон асари меъмории «Тахти тоҷикон» дар маҷмааи «Майдони Истиқлол» (соли 2021)-и Самӣ Азизиёнро пешниҳод намудааст.

Дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҷмуаи қисса ва ҳикояҳои «Кафшергар»-и Равшан Махсумзодро, ки соли 2023 дар нашриёти «Истеъдод» чоп шудааст, пешниҳод намудааст.

Дар бахши публитсистика. Аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуаи очерк, мусоҳиба ва мақолаҳои публитсистии Абдураҳмон Абдуманнон «Аз дирӯз ва имрӯзи адабиёти тоҷик» (нашриёти «Адиб», соли 2022) пешниҳод гардидааст.

Инчунин Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бахши тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ Иосиф Брагинскийро барои силсилаи асарҳои адабиётшиносӣ, чопи осори адибони тоҷик дар нашриёти Русия ва Аврупо ва тарғиби собитқадамонаи асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик пешниҳод намудааст.

Раёсати Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ аз мутахассисон ва тамоми ҳаводорони адабиёту санъат хоҳиш менамояд, ки моҳҳои март-май дар муҳокимаи ин асарҳо тавассути воситаҳои ахбор фаъолона иштирок намоянд.

Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ — ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ аст, ки барои комёбиҳои намоён дар соҳаҳои адабиёт, ҳунар ва меъморӣ эҳдо мешавад. Ҷоиза 2 январи соли 1963 таъсис ёфта, иттиҳодияҳои нависандагон, рассомон, оҳангсозон ва меъморони ҷумҳурӣ ба он беҳтарин асарҳоро пешниҳод месозанд ва баъди баррасии ҳамаҷониба барандагон эълон мегарданд.

АКС аз манбаъҳои боз

 

Март 4, 2024 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Рӯзи фарҳанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба сокинони пойтахт ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳод гардид
«CHAKAN HOUSE». Дар Донишгоҳи давлатии Данғара маркази дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар боғҳои шаҳри Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ ва ноҳияи Файзобод баргузор мегарданд
Дар Душанбе рӯзи фарҳанги ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб баргузор шуд
Имрӯз рӯзҳои фарҳанги шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа баргузор мегарданд
БОЗЁФТИ НОДИР. Сиккаҳои замони Сомониён дар Хутали Қадим кашф гардиданд
Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова аз олам даргузашт
«САМАРАИ ИСТИҚЛОЛ». Таҳти чунин унвон Иттифоқи журналистони Тоҷикистон озмун эълон менамояд
«ЯК МЕРОС, ДУ САРЗАМИН». Намоиши маҷозии муштараки Тоҷикистон ва Эрон баргузор мегардад
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги ВМКБ, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб, Роштқалъа ва Файзобод баргузор мегарданд
Раиси шаҳри Шероз ёдгории таърихию фарҳангии «Қалъаи Ҳисор»-ро тамошо намуд
Дар Душанбе Рӯзи фарҳанги ноҳияи Рӯшон баргузор гардид