Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар Ашқобод бошукуҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 21.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бо иштироки намояндагони корпуси дипломатии муқими кишвари иқомат, меҳмонон, ҳамватанон ва кормандони намояндагӣ ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар медиҳад.
Дар чорабинии идона гӯшаи фарҳангӣ бо хӯроку шириниҳои лазизи наврӯзӣ ва хони ҳафтсину ҳафтшин ороста шуда, намунаҳои либосҳои миллӣ, аз қабили сӯзаниву гулдӯзӣ, асарҳои кулолӣ, асбоби мусиқӣ ва ҳунарҳои дастии қадимии мардумӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода оид ба сиёсати хирадмандона ва заҳмату талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мақоми байналмилалӣ гирифтани Наврӯз ибрози назар намуд.
Ҳамзамон бобати муаррифии арзишҳои миллӣ, риояи суннатҳои анъанавии ҷашни бостонии ниёгон, бахусус хислатҳои нексириштӣ ва башардӯстию сулҳпарваронаи Наврӯз дар раванди ҷаҳонишавии он сухан гуфта шуд.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ фарзандони ҳамватанон ва дипломатон бо қироати шеъру сурудҳои баҳорию наврӯзӣ хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон










Густариши робитаҳои корӣ байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва вилояти Кургани Русия баррасӣ гардид
Дар Минск имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Дар Душанбе нашри олмонии китоби «Тоҷикон» муаррифӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини Президенти Эрон вохӯрӣ намуд
Дар Москва бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид
Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург бо муовини губернатори вилояти Курган мулоқот намуд
Дар Миср китоби «Тоҷикистон-гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)» муаррифӣ гардид
Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Дар Санкт-Петербург вохӯрии намояндаи бахши тиҷоратии Тоҷикистону Русия баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Осимаи Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баррасӣ гардид
Директори АМИТ «Ховар» бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон вохӯрӣ намуд






