«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллӣ ҳадяҳои Президенти Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуданд

Март 16, 2024 09:55

ДУШАНБЕ, 16.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз Наврӯзи соли 2023 то Наврӯзи соли 2024 ба  Осорхонаи миллии  Тоҷикистон беш аз 400  ашёи гуногуни таърихию фарҳангӣ ворид гардид. Чунин гуфта шуд дар маросими ифтитоҳи намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз», ки  дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Дар маросими оғози намоиш донишмандону ҳунармандон ва намояндагони Вазорати фарҳанги    Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон,  Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон ва роҳбарияту кормандони Осорхонаи миллӣ иштирок намуданд.

Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода доир ба нақши Осорхонаи миллӣ дар ҷамъоварӣ, ҳифзу омӯзиш ва муаррифии мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик сухан намуда, иброз дошт, ки давоми як сол, яъне аз Наврӯзи 2023 то Наврӯзи 2024 бо роҳҳои гуногун -экспедитсияҳо, харид, қабули туҳфа ба фонди Осорхонаи миллӣ 431 ашёи гуногуни таърихию фарҳангӣ ворид гардид, ки онҳо дар ин намоиш ба маъраз гузошта шудаанд.


Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар ин давра аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як мусаввара, як харитаи давлати Сомониён ва як либоси варзишӣ бо тӯб ва рамзи Федератсияи футболи Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид.

Дар намоиш намунаҳои сӯзанӣ, гулдӯзӣ, чакан, ҳунари мисгарӣ, сиккаҳо, мероси хаттӣ, мусаввараву кундал ва дигар намунаи ҳунарҳои мардуми тоҷик пешкаши тамошобинон гардонида шуд.

Хотирнишон месозем, ки намоиши рамзии «Аз Наврӯз то Наврӯз» то якуми апрел идома меёбад. Аз ин рӯ ҳамаи дӯстдорони     таъриху фарҳанги миллӣ имкон доранд барои тамошои ин намоиш ба Осорхонаи миллӣ биёянд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 16, 2024 09:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид