«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши анъанавӣ баргузор мегардад

Март 13, 2024 15:49

ДУШАНБЕ, 13.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни байналмилалии Наврӯз 15 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмии Осорхонаи миллӣ Алишер Зарипов иттилоъ дод.

Дар намоиш ашёи нави дорои моҳияти таърихию фарҳангӣ, ки  давоми як сол, яъне аз Наврӯзи соли 2023 то Наврӯзи соли 2024 бо роҳҳои гуногун -экспедитсияҳо, харид, қабули туҳфа ҷамъоварӣ гардидаанд, пешкаши ҳамагон мегарданд. Ҳамзамон дар доираи намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз»  китобҳои тозанашри муассиса муаррифӣ мешаванд.

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимии мардуми ориёитабор буда, аз қадимулайём дар радифи дигар идҳои аҷдодонамон, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад.  Наврӯз аз калимаи тоҷикӣ гирифта шуда, маънояш «рӯзи нав», «тоза», «рӯзи нахустин» буда, он таҷлилу тантанаи иди баҳор ва сароғози соли нав аст, ки ифодагари эҳёи табиат ва бедоршавии набототу ҳайвонот мебошад.

Ҷашни Наврӯз ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ ё 21 марти солшумории мелодӣ рост меояд. Ин ҷашн таърихи шашҳазорсола  дорад, ки аз қадимтарин ва куҳантарин иди мардуми ориёитабор маҳсуб мешавад. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши Наврӯзро ба давраи ҳукмронии шоҳаншоҳи пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд.

Соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил шуд. Соли 2010  бо пешниҳоди давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон дар иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон шуда, инак дар саросари ҷаҳон бошукуҳ таҷлил мегардад.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Март 13, 2024 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд