БАҲОР МУБОРАК! Ба баргузории ҷашни Наврӯз дар як деҳаи кӯҳистони Бадахшон замини пурбарф монеъ нашуд
ХОРУҒ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Хонандагон ва омӯзгорони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами панҷуми деҳаи Шувҷеви Ҷамоати деҳоти Қурбоншо Гадолиеви ноҳияи Рошқалъа, ки дар доманакӯҳ ҷойгир буда, аз сатҳи баҳр дар баландии беш аз 1500 метр қарор дорад ва заминаш ҳанӯз ҳам пурбарф аст, ҷашни Наврӯзро бо рияои тамоми расму суннати ниёгон баргузор намуданд.
Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Файз Мирасан хабар медиҳад, хонандагону омӯзгорони муассисаи таълимии ин деҳа майдончаи назди мактабро аз барф пок намуда, рӯи замин намаду палос густурда, ин майдончаро ба базмгоҳи наврӯзӣ табдил доданд. Кӯдакону наврасон санҷаку улчак ва лашбозӣ, тухмҷанг, кабку хурӯсҷангро, ки хоси ҷашни Наврӯз мебошанд, бо тамоми назокаташ пешкаши мардуми деҳа гардониданд.
Килоғузғуз яке аз анъанаҳои писандидаи хурду бузурги тоҷикони кӯҳистон ба шумор меравад. Килоғузғуз ба номи як парандае бо номи ғози ҳиндӣ рабт дорад ва дар гӯиши маҳаллӣ ба ғуз табдил шудааст. Ин паранда дар рӯзҳои аввали баҳор барои тухмгузорӣ аз Ҳиндустон ба Зоркӯли ноҳияи Мурғоб парвоз намуда, ба мардум муждаи баҳорро мерасонад. Дар бозии Килоғузғуз наврасону ҷавонон ба болои боми хонаҳо баромада, ресмонеро ба воситаи равзана ба пойгаҳи хона мепартоянд ва таронаи наврӯзӣ мехонанду аз соҳиби хона туҳфаи наврӯзӣ мехоҳанд. Ҳарчӣ талаб намоянд, соҳиби хона дар рӯзи саид маҷбур аст, ки талабашонро ба ҷо орад. Ривоят аст, ки як ҷавоне борҳо ба хостгории духтари дӯстдоштааш меравад, аммо ҳар бор волидони духтар талабашро рад мекунанд. Ин ҷавон дар иди Наврӯз ба боми хонаи духтари дӯстдоштааш баромада, аз равзани хона садо баланд менамояд, ки духтаратонро ба ман диҳед ва ҳамин тариқ ошиқ ба висоли маъшуқаш мерасад.


Гирдогирди базмгоҳи наврӯзӣ таомҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастоварди хонандагони муассисаи таълимӣ дар озмуну олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ ба намоиш гузошта шуданд. Ҳайати ҳакамон таҳти раҳбарии директори муассисаи таълимӣ ороиши дастурхон, маззаи таомҳои миллиро чашида, доир ба тарзи тайёр намудани ин хӯрокҳо бо кадбонуҳои деҳа суҳбат намуд.
Ҷашни Наврӯзро бе садои чангу рубоб ва таронаҳои мардумӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Дафсоз яке аз қадимтарин таронаҳои мардумӣ аст, ки бо пайдо шудани асбоби муосири мусиқӣ мавқеаш каме коста шуд, аммо ҳанӯз ҳам дар баъзе аз деҳот онро гиромӣ медоранд ва кӯшиш менамоянд, ки ин мероси ғайримоддии мардуми тоҷик аз байн наравад.
АКС: АМИТ «Ховар»









Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
АРҒУНЧАКБОЗИИ НАВРӮЗӢ. Он рамзи шодиву нишот ва фарҳанги қадимии тоҷикон мебошад
НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНҲО. Ин ҷашн марзҳои сиёсиро убур карда, мардумро ба ҳам наздик менамояд
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Ҷашни Наврӯз дар Ҳисор бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Узбекистон таҷлил гардид
Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид






