БАҲОРИ ПУРБАРФ МУБОРАК! Имрӯз рӯзи аввали баҳор — фасли эҳё ва оғози кишту кор аст

Март 1, 2024 08:42

ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз фасли шукуфтанҳо — баҳори нозанин бо накҳати атрогинаш ба Тоҷикистон  омад ва табиати нотакрори ин сарзамини куҳанбунёдро боз ҳам зеботару назаррабо гардонид. Тоҷикистониён баҳорро фасли дӯстдошта медонанд, онро бесаброна интизорӣ мекашанд. Баҳор фасли эҳё, оғози кишту кор, даврае аст, ки кишоварзон дар такопӯ афтода, барои пур намудани хони мардум ба замин донаи умед мепошанд.

Баҳори имсолаи Тоҷикистон бо барфи сафед фаро расид, ки ин нишонаи серҳосилӣ ва соли хуб омадани соли 2024 мебошад. Бигузор имсолу ҳама солҳо баҳори Тоҷикистон хушпай гардад.  

Як рўзи баҳор- пур кунад анбор

Бо омадани фасли баҳор деҳқонони мамлакат сертараддуд мешаванд. Онҳо бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони мардум, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ аз тамоми имконият истифода мебаранд. Кишоварзон аз ҳар рӯзи офтобии фасли баҳор самаранок истифода бурда, баҳри ба даст овардани ҳосили фаровон ранҷи зиёд мекашанд. Зеро беҳуда нагуфтаанд, ки «як рўзи баҳор- пур кунад анбор».

Фасли баҳор ҳамчун айёми ниҳолшинонӣ мавсими тоза сохтани шохаву навдаҳои зиёдатии дарахтон ва нарм намудани бехи онҳо мебошад.

Имрӯзҳо ин ташаббуси нек дар саросари мамлакат авҷ гирифта, бо шарофати он гӯшаву канори шаҳру деҳотамон боз ҳам  сабзу хуррам мегардад.

Ба гуфтаи олимони соҳаи кишоварзӣ, беҳтарин замон  барои шинонидани ниҳол ҳавои салқин аст, зеро дар ин вақт ҳанӯз дарахтон хобидаанд. Рӯзҳои авввали баҳор низ барои шинонидани ниҳолҳои гуногуни ороишиву ҳамешасабз ва гулу бутаҳо хеле созгор мебошанд.

Татбиқи якчанд барномаи рушди боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият дод, ки ин бахш ба соҳаи пуриқтидори кишоварзӣ табдил ёфта, барои афзун намудани иқтидори содиротии мамлакат ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии деҳот саҳми калон гузорад.

Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосии комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷанбаи сердаромадтарини соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ, ғанӣ гардонидани сабади истеъмолӣ, таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хом, афзун гардонидани имконияти содиротии мамлакат ва бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ мавқеи муайянро ишғол менамояд.

Шаклдиҳӣ ва буридани шоху навдаи дарахтон

Ба андешаи коршиносон, шохабурӣ муҳлати махсус дошта, вобаста ба навъу хусусияти биологӣ дарахтон башаклдарории муайян доранд. Башаклдарории шохсори дарахтон яке аз тадбирҳои муҳими боғдорӣ аст. Шохсори дарахтон бо тарзҳои гуногун ба шакл дароварда мешавад. Буридани шоху навдаҳо ҳосилнокиро зиёд, устувории шоху навда ва пойдории дарахтро мустаҳкам, таркиби кимиёвии меваро хуштаъм, ҳаҷми меваро калон, сифатнокиашро баланд, инчунин байни қаторҳо гаштани тракторҳоро ҳангоми коркарди замин ва пошидани заҳрҳои кимиёвӣ бар зидди касалию ҳашароти зараррасон осон мегардонад.

Дар айни замон дар боғдории ҷумҳурӣ чор шакли шохсор васеъ қабул гаштааст, ки онҳоро вобаста ба шакли  боғ ва намуди дарахтони мевадиҳанда истифода мебаранд.

Вобаста ба шароити маҳал, намуд, навъ, сол, инчунин мақсади гузошта дарахтонро охири тирамоҳ, зимистон, баҳор ва тобистон мебуранд. Дар шароити ҷумҳурии мо пас аз хазонрез  буриданро сар намудан мумкин аст. Ба гуфтаи коршиносон, хуб мешуд, ки дар навбати аввал охири тирамоҳу зимистон дарахтони себ, баъдтар ноку олуро буред. Охирҳои зимистон ва аввали баҳор, ба истиснои рӯзҳои хунук бо навбат биҳӣ, олуболу, гелос, зардолу, бодом ва шафтолуро буридан беҳтар аст.

Ба тавсияи олимон, то пурра ба ҳосил даромадани ниҳолҳо бояд   буридани шоху навдаи шохсор ба анҷом расад.

Баҳор- фасли пур аз ҷашнҳо

Дар фасли баҳор ба ҷуз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ иду ҷашнҳои зиёде таҷлил мешаванд. Яке аз идҳои анъанавии миллии халқҳои ориётабор, ки бо фарорасии баҳор ҷашн гирифта мешавад, иди байналмилалии Наврӯз аст, ки 21 — 24 март таҷлил мешавад. Дар ин фасл инчунин Рӯзи Модар, Рӯзи матбуоти тоҷик, Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҳамчунин озмуни «Сайри гули лола» ва Фестивали  фарҳангӣ-фароғатии «Чакомаи гесӯ»-ро таҷлил менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 1, 2024 08:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба 200 нафар занон — ғолибони лоиҳаҳои гранти президентӣ дар соли 2026 Диплом супорида шуд
Дар ноҳияи Айнӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел ва барқарорсозии инфрасохтори зарардида идома доранд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Беш аз 106 миллион сомонӣ ба манфиати модару кӯдак рӯёнида шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Маркази тадқиқоти стратегӣ бо 47 муассисаи илмӣ-таҳқиқотии хориҷӣ ҳамкорӣ дорад
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид
Дар канори роҳи Душанбе–Чанок корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ идома доранд
Оид ба нақши занон дар низоми адолати судӣ конфронси байналмилалӣ баргузор шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон лоиҳаи 37 санади меъёрии ҳуқуқиро мавриди омӯзиш қарор додааст
Бунафша Файзиддинзода: «Бо вуҷуди коҳиши бекоршавии ақди никоҳ ҳалли ин масъала таваҷҷуҳи доимиро тақозо мекунад»
ОГОҲӢ! Аз 16 то 19 июл дар Тоҷикистон баландшавии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои дарёфти гранти Президенти Тоҷикистон дар соли 2026 аз ҷониби занон 945 лоиҳа пешниҳод шудааст
ЭҲТИЁТ АЗ НУРҲОИ БАЛАНДИ ОФТОБ! Ҳангоми гармои шадид саломатиро чӣ тавр бояд ҳифз намуд?