«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
ДУШАНБЕ, 28.03.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таътили баҳорӣ қарор доранд. Хонандагон таътилро чӣ гуна ва бо сарфи кадом кор сипарӣ менамоянд? АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Хонандагон набояд дар давраи таътил вақташонро сарфи кори беҳуда намоянд. Падару модарон бояд, пеш аз ҳама, дар таълиму тарбияи фарзандон саҳм гузошта, дар ташкили реҷаи рӯзи онҳо кумак намуда, нагузоранд, ки онҳо вақти холиашонро беҳуда гузаронанд.
Дар робита ба таълиму тарбияи дурусти фарзандон ва соҳибкасб намудани онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими баргузории карнавали наврӯзии «Корвони шодӣ» дар шаҳри Душанбе 25 марти соли 2024 иброз доштанд, ки «падарони муҳтарам, модарони азиз, ба насли нав, ба наврасон, ба кӯдакон, ба наврасону ҷавонон шароит муҳайё намоед ва имконият диҳед, ки хонанд, илм омӯзанд, касб омӯзанд, ҳунар омӯзанд, то дар оянда ин Ватани биҳиштосоро соҳибӣ карда тавонанд».
Бояд гуфт, ки ташаккул ва рушди оила дар ҷомеа таърихи дуру дароз дошта, дар тамаддуни инсонӣ ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи афзоиши аҳолӣ, воситаи муошират ва муносибати иҷтимоӣ ва фазое аст, ки арзишҳои умумиинсонӣ, аз қабили муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ дар он ташаккул ёфта, рушд намудаанд. Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад.
Имрӯз дар мамлакат оилаҳои зиёде ҳастанд, ки бо рафтору кирдори намунавӣ дар ҷамъият нақши босазо мегузоранд. Волидон низ барои тарбияи дуруст гирифтани фарзанд кӯшиш намуда, барои саводнок шудани онҳо шароит муҳайё месозанд. Ҳарчанд дар таълими фарзандон нақши модарон зиёд аст, вале падароне ҳастанд, ки бо ба дӯш гирифтани масъулияти таъмини моддии рӯзгор боз вақт ёфта, ба тарбияи фарзандон машғул мешаванд.
Сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Салимҷон Ҷангизода аз зумраи чунин падарон аст. Ӯ соҳиби чор фарзанд аст, ки онҳо дар мактаб бо баҳои аъло мехонанд ва байни ҳамсабақон намунаи ибрат мебошанд. «Дар вақти ҷавонӣ ҳар шахс орзу дорад, ки соҳиби фарзанд шавад ва онҳо номбардораш гарданд. Вале набояд фаромӯш намуд, ки барои соҳибмақом шудани фарзанд волидон бояд заҳмати зиёд кашанд, онҳоро аз хурдӣ ба тарбия фаро гиранд, то фардо номбардори падару модар ва давлат гарданд»,-гуфт ӯ.
Ҳамсуҳбати мо иброз дошт, ки ҳамеша фарзандонашро ба китобхонӣ ташвиқ менамояд. Аз ҷумла, дар вақтҳои таътил ба кӯдаконаш хондани китобҳои бадеӣ, ба мисли «Шоҳнома», «Шоҳзода ва гадо», «Чор дарвеш», «Қобуснома», «Бӯстон» ва «Гулистон»-ро тавсия дода, дар дили онҳо меҳри китобхониро бедор менамояд.
Салимҷон кӯдаконро на танҳо ба китобхонӣ, балки машғул шудан ба варзиш, машғулияти зеҳнӣ ва забономӯзӣ низ водор менамояд. Ба гуфтаи ӯ, дар айни замон фарзандонаш ба омӯзиши забонҳои англисӣ, чинӣ ва илмҳои дақиқ машғул мебошанд.
Ба андешаи Салимҷон, барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб фарзандонро бояд аз хурдӣ ба мактаби оила ва ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро тамоми бурду бохти мо ба оилаву оиладорӣ алоқаманд аст.
Мутассифона, дар баробари чунин ашхос нафароне ҳастанд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон камтар диққат медиҳанд, ки ин кори друст нест. Гарчанде ки падару модарон ҳаргиз намехоҳанд, ки фарзандашон дар зиндагӣ бе тарбия ва бе мавқеъ монад.
Равоншиносон иброз медоранд, ки ҳар шахс бояд аз хурдӣ таълиму тарбияи дуруст гирад, агар ҳар кор бамаврид ва сари вақт, бахусус кори таълиму тарбия дар оила иҷро шавад, самараи дилхоҳ ба даст меояд. Ба қавле, «оҳанро дар гармиаш мекӯбанд», ки исботи равшани ин гуфтаҳо мебошад. Ба андешаи равоншиносон, волидон набояд фарзандонро бо роҳи сарзаниш ба хондан водор намоянд, балки бо лутфу меҳрубонӣ ва нармгуфторӣ онҳоро ба кирдору рафтори нек ҷалб созанд.
Волидайн бояд мисолҳои равшане оранд, ки чаро Пешвои миллат сарвару роҳнамои як давлат аст, чаро устод Садриддин Айнӣ қаҳрамони миллат ва то имрӯз вирди забоҳои мардуми тоҷик мебошад. Бо чунин мисолҳои возеҳ волидон ба фарзандон бояд фаҳмонанд, ки бе мутолиа ва аз бар намудани илму дониш, омӯзиши касбу ҳунар инсон наметавонад фарди машҳуру муваффақ шавад.
Падару модар бояд дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» амал намуда, ба таълиму тарбияи фарзанд эътибори ҷиддӣ диҳанд. Онҳоро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, ҳифозатгари марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ, донишманду соҳибкасб будан тарбия намоянд, то ки фарзандон ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир ба воя расанд. Имрӯз насли ҷавонеро бояд тарбия намоянд, ки дар муборизаи ҳаёт ҳар монеаи пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавии оилавиро ҳал карда тавонад ва ҳеҷ гоҳ гирифтори ноумедӣ нагардад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»