Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, ядроӣ ва радиатсионӣ майдончаи варзишӣ ифтитоҳ гардид
ДУШАНБЕ, 19.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯзи хуҷастапай дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, ядроӣ ва радиатсионии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо иштироки президенти Академияи миллии илмҳо майдончаи варзишӣ бо масоҳати 450 метри мураббаъ барои бозии футболу волейбол ифтитоҳ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад, майдончаи варзишӣ барои солимгардонию обутоби бадан ва рафъ намудани мондашавии кормандони илмии академия имконияти хуб мебошад.
Бояд гуфт, ки варзиш — гарави саломатӣ ва саломатии миллат шарти муҳимтарини бақои имрӯзу фардои давлат мебошад. Варзиш яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ буда, дар беҳдошти саломатии аҳли ҷомеа ва парвариши насли солиму неруманд аҳамияти бузург дорад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушди тарбияи ҷисмониву варзиш, оммавигардонии он, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби бештари аҳолии мамлакат ба ин соҳа тадбирҳои судманд андешида, баҳри мунтазам инкишоф ёфтани он ҳамаи шароити заруриро фароҳам меорад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
Дар шаҳри Ҳисор Мактаби бачагонаи санъат ва майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуданд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд






