Дар «Амонатбонк» 28 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 65 нафар ҳамчун сардорони воҳидҳои сохторӣ фаъолият доранд

Март 5, 2024 17:18

ДУШАНБЕ, 05.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Модар дар Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» таҳти унвони «Нақши занон дар пешрафти фаъолияти Амонатбонк» бо иштироки 400 нафар занону духтарони саридора ва филиалҳои «Амонатбонк» дар шаҳри Душанбе машварат баргузор гардид.

Ба АМИТ «Ховар» дар «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки муовини раиси «Амонатбонк» Рукмина Сафарзода иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи қабули санадҳои меъёрии ҳукуқӣ ба мақоми зан-модар бештар афзалият дода, тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд. Ин аст, ки занон дар тамоми соҳаҳо фаъолияти пурсамар доранд.

Раиси Шурои занони «Амонатбонк» Шаҳло Раҳимзода гуфт, ки дар «Амонатбонк» 1392 нафар занону духтарон фаъолият доранд, ки 47%-и кормандони бонкро ташкил медиҳанд. Дар партави дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақому манзалати зан имрӯзҳо дар «Амонатбонк» 28 зан дар вазифаҳои роҳбарикунанда ва 65 нафар ҳамчун сардорони воҳидҳои сохторӣ фаъолият доранд. Дар заминаи эътимод ва дастури Пешвои миллат ва дастгирию таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти бонк шумораи занон дар «Амонатбонк» сол аз сол меафзояд.

Зимни рӯнамо оид ба дастовардҳои занони фаъоли «Амонатбонк» иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 дар бонк 15 маротиба озмуни ишғоли вазифаҳои холӣ баргузор гардида, дар он 629 довталаб иштирок намуд. Аз онҳо 473 нафар, аз ҷумла 269 нафар ба кор қабул гардиданд (57%).

Муовини раиси «Амонатбонк» таъкид намуд, ки занон-хизматчиёни «Амонатбонк» бо натиҷаҳои баланди молиявӣ, пешниҳоди хизматрасонии босифату саривақтии бонкӣ ба муштариён, бахусус бо нишон додани одоби баланди касбӣ, бо роҳи муошират ва муносибати хуб, инчунин дилу нияти пок ва беғаразона худро дар ҷомеа муаррифӣ менамоянд.

АКС: «Амонатбонк»

Март 5, 2024 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст