Дар «Амонатбонк» Наврӯзро бо баргузории ҳамоиши идона таҷлил намуданд

Март 29, 2024 15:20

ДУШАНБЕ, 29.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо баргузории ҳамоиши идона таҷлил намуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода кормандони «Амонатбонк»-ро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуда, доир ба аҳамият ва ҷойгоҳи ҷашни куҳани таърихӣ сухан гуфт. Гуфта шуд, ки Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дошта, он бо фаъолияти созандаи мардум, эҳсоси хештаншиносию ватандорӣ ва ҳаёти маданию фарҳангии миллати тоҷик пайванди ногусастанӣ дорад.

Дар ҳамоиши идона донишмандон доир ба суннатҳои Наврӯз ва мақоми байналмилалӣ гирифтани он ибрози назар намуданд. Таъкид шуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2009 ҷашни Наврӯз аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарии фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардида, 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ қатънома қабул намуд, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ гирифт, яъне Наврӯз расман ҷашни ҷаҳонӣ шуд.

АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»

Март 29, 2024 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории молиявии байналмилалӣ баррасӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2128 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни сохторҳои мониторинги молиявии Тоҷикистону Русия ду санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи 45-уми пленарии Гурӯҳи Авруосиё ба таъмини амнияти иқтисодию молиявӣ мусоидат менамояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2124 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар доираи ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО ҳамоиш баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.1259 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар Душанбе ҷаласаи 45-уми пленарии ГАО оғоз шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2119 сомонӣ муқаррар гардидааст
Дар КВД «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1119 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст