Дар Анталия раванди густариши муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифт

Март 1, 2024 12:22

ДУШАНБЕ, 01.03.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар  ҳошияи Форуми дипломатии Анталия мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо раванди густариши муносибатҳои дуҷониба, алалхусус дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, маориф ва иқтисодиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамзамон доир ба масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ мубодилаи афкор анҷом дода шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамтояшро барои дар сатҳи баланд ташкил намудани форум табрик гуфт.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 1, 2024 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин бо роҳбарияти Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе Муколамаи сатҳи баланд оид ба сиёсат ва амният байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор гашт
Дар Душанбе тавофуқоти ҳосилшуда зимни нахустин Саммити Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Дар Остона намоиши молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон баргузор мегардад
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти Федератсияи палатаҳои тиҷоратии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд
Дар Теҳрон масъалаҳои консулӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуданд
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳафтумин Иҷлосияи махсуси мавзуӣ оид ба об ва офатҳои табиӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад
Фаррух Шарифзода бо муовини парлумонии Вазири корҳои хориҷии Ҷопон мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт